Вазири хориҷаи Чин ба Тоҷикистон меояд

© МИД РТМинистры иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин и Китая Ван И
Министры иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин и Китая Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки Ван И, вазири умури хориҷаи Чин барои иштирок дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай озими Душанбе хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ба Тоҷикистон дирӯз зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Бояд гуфт, ки сафари Ван И ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 13-14 июл дар Душанбе баргузор мешавад, сурат мегирад.
Дастгоҳҳои муоинаи гумрукӣ, ки Чин ба Тоҷикистон кумак кардааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Насби таҷҳизоти беш аз 30 миллиондолларии Чин дар гузаргоҳҳои гумрукии Тоҷикистон - акс
Гуфта мешавад, ки Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай масъалаҳои фаъолияти кунунии Созмон, аз ҷумла омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳоро баррасӣ мекунад ва ҷиҳати иҷрои қарорҳои Созмон ва баргузории машваратҳо дар доираи СҲШ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ чораҳо меандешад.
Имсол раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхайро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад ва 16-17 сентябр дар Душанбе саммити навбатии СҲШ баргузор мегардад.
Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 бо баёнияи муштараки сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст ва имсол бистсолагии он таҷлил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0