https://sputnik.tj/20210621/nasb-tajhizoti-chin-guzargohho-gumruk-tojikiston-aks-1040338682.html
Насби таҷҳизоти беш аз 30 миллиондолларии Чин дар гузаргоҳҳои гумрукии Тоҷикистон - акс
Насби таҷҳизоти беш аз 30 миллиондолларии Чин дар гузаргоҳҳои гумрукии Тоҷикистон - акс
Sputnik Тоҷикистон
Чин барои муҷаҳҳаз кардани дидбонгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон бо арзиши даҳҳо миллион доллар таҷҳизот кумак кардааст 21.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-21T15:30+0500
2021-06-21T15:30+0500
2021-06-21T15:33+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
чин
таҷҳизот
пешгирӣ
назорат
қочоқ
гумрук
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040338519_0:42:800:492_1920x0_80_0_0_c61afe487042dcc255ad404b794c0500.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, воситаҳои техникии назорати гумрукӣ соли 2020 ҳамчун кумак аз ҷониби Чин ворид карда шуданд, вале бо сабаби авҷ гирифтани пандемияи COVID-19 насби онҳо мавқуф гузошта шуд. Манбаъ афзуд, ки пас аз як каме ба эътидол омадани вазъ, сар аз моҳи апрели соли ҷорӣ мутахассисони чинӣ ба хотири ҷобаҷогузорӣ ва омӯзонидани тарзи истифодабарии онҳо ба Тоҷикистон ташриф оварданд. “Айни ҳол таҷҳизоти мазкур дар дидбонгоҳҳои муайяншуда васл гардида, пурра ба фаъолият оғоз намудаанд, ки ин имкон фароҳам меорад, то барасмиятдарории гумрукӣ содда гардонида шуда, вақти баррасмиятдарории гумрукӣ кам гардад”, - омадааст дар иттилоия. Манбаъ зикр намудааст, ки мубодилаи ёддоштҳо миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин дар мавриди пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ ҳанӯз октябри соли 2018 ба имзо расида буд.Хадамоти гумрук тавзеҳ дод, ки пешниҳоди воситаҳои техникии назорати гумрукӣ аз 8 номгӯй иборат буда, маблағи он 210 миллиону 840 ҳазор юан ва ё 31 миллиону 5 ҳазору 882 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.Манбаъ афзуд, чораҳои андешидашуда дар ин самт имконият фароҳам меорад, сабти молу воситаҳои нақлиёт саривақт бо сифати баланд анҷом дода шавад ва аз интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулот ҷилавгирӣ гардад.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040338519_45:0:756:533_1920x0_80_0_0_9e4b53e3593f09c455f8273c444c20a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, чин, таҷҳизот, пешгирӣ, назорат, қочоқ, гумрук
дар тоҷикистон, иқтисод, чин, таҷҳизот, пешгирӣ, назорат, қочоқ, гумрук
Насби таҷҳизоти беш аз 30 миллиондолларии Чин дар гузаргоҳҳои гумрукии Тоҷикистон - акс
15:30 21.06.2021 (Навсозишуда: 15:33 21.06.2021) Чин барои муҷаҳҳаз кардани дидбонгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон бо арзиши даҳҳо миллион доллар таҷҳизот кумак кардааст
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, воситаҳои техникии назорати гумрукӣ соли 2020 ҳамчун кумак аз ҷониби Чин ворид карда шуданд, вале бо сабаби авҷ гирифтани пандемияи COVID-19 насби онҳо мавқуф гузошта шуд.
Манбаъ афзуд, ки пас аз як каме ба эътидол омадани вазъ, сар аз моҳи апрели соли ҷорӣ мутахассисони чинӣ ба хотири ҷобаҷогузорӣ ва омӯзонидани тарзи истифодабарии онҳо ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
“Айни ҳол таҷҳизоти мазкур дар дидбонгоҳҳои муайяншуда васл гардида, пурра ба фаъолият оғоз намудаанд, ки ин имкон фароҳам меорад, то барасмиятдарории гумрукӣ содда гардонида шуда, вақти баррасмиятдарории гумрукӣ кам гардад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ зикр намудааст, ки мубодилаи ёддоштҳо миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин дар мавриди пешниҳоди таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ ҳанӯз октябри соли 2018 ба имзо расида буд.
Хадамоти гумрук тавзеҳ дод, ки пешниҳоди воситаҳои техникии назорати гумрукӣ аз 8 номгӯй иборат буда, маблағи он 210 миллиону 840 ҳазор юан ва ё 31 миллиону 5 ҳазору 882 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, чораҳои андешидашуда дар ин самт имконият фароҳам меорад, сабти молу воситаҳои нақлиёт саривақт бо сифати баланд анҷом дода шавад ва аз интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулот ҷилавгирӣ гардад.