https://sputnik.tj/20210709/siyosatshinos-isroili-afghoniston-tolibon-tojikiston-meguzarand-1040767232.html
Сиёсатшиноси исроилӣ: пас аз Афғонистон Толибон* ба Тоҷикистон мегузаранд
Сиёсатшиноси исроилӣ: пас аз Афғонистон Толибон* ба Тоҷикистон мегузаранд
Sputnik Тоҷикистон
Яков Кедми, сиёсатшиноси исроилӣ, "ҳамла"-и Толибон* ба Тоҷикистонро пешгӯӣ кард
2021-07-09T12:40+0500
2021-07-09T12:40+0500
2021-07-09T12:40+0500
андеша
афғонистон
ҷанг
толибон
осиёи марказӣ
коршинос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040373769_0:81:2049:1233_1920x0_80_0_0_cecc496665ed7c4b4355840d8981a652.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ҷангҷӯёни ҷунбиши радикалии Толибон (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар ниҳоят тамоми Афғонистонро забт хоҳанд кард, мегӯяд сиёсатшиноси исроилӣ, собиқ роҳбари хадамоти махсуси Исроил Нотив Яков Кедми.Вай Афғонистонро давлати сермиллат ва бисёрқабила номид, ки мушкилоти зиёди дохилӣ дорад. Дар ин кишвар асосан паштунҳо, инчунин узбекҳо, тоҷикон ва ҳазараҳо зиндагӣ мекунанд.Ба гуфтаи сиёсатшиноси исроилӣ, Афғонистон метавонад ба ягона давлате дар ҷаҳон табдил ёбад, террористон сари қудрат меистад. Вай Толибонро ба ташкилоти террористии Давлати Исломӣ (ДИ ё ДИИШ, мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) муқоиса кард."Ваҳшигарие, ки Толибон дар Афғонистон анҷом додаанд ва аллакай оғоз кардаанд, аз ваҳшигариҳои ДИИШ кам фарқ мекунад", - мегӯяд Кедми.Вай таъкид кард, ки исломи фундаменталистие, ки Толибон онро таблиғ мекунанд, ҳамеша мехоҳад дар қаламравҳои дигар паҳн шавад. Сиёсатшинос чунин мешуморад, ки пас аз Афғонистон ҷангиён ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ҳаракат мекунанд ва дар он ҷо тарафдорони зиёд пайдо мекунанд.Толибон ба шимол ҳаракат мекунан - яъне, ба Тоҷикистон, Узбекистон ,Туркманистон, Қирғизистон а сипас ба уйғурҳои Қазоқистон мерасанд" - мутмаин аст коршинос. Кедми хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистонро нангин номид. "Амрикоиҳо худро дар ҳама ҷо дар тӯли 50 соли охир нишон доданд: онҳо ба чизе ноил нашуданд, омаданд, бадбахт шуданд, 20 солро сарф карданд, танҳо ҳамон Толибонро тақвият доданд", - хулоса кард ӯ.*Ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210709/tolibon-marz-tojikiston-ubur-1040763614.html
https://sputnik.tj/20210709/baydenzabti-qudrat-dar-afghonistonro-baho-dod-1040765079.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040373769_0:0:1809:1357_1920x0_80_0_0_94a1c4a590817815bb16597111f444d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон ҳамла
Сиёсатшиноси исроилӣ: пас аз Афғонистон Толибон* ба Тоҷикистон мегузаранд
Яков Кедми, сиёсатшиноси исроилӣ, "ҳамла"-и Толибон* ба Тоҷикистонро пешгӯӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ҷангҷӯёни ҷунбиши радикалии Толибон (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар ниҳоят тамоми Афғонистонро забт хоҳанд кард, мегӯяд сиёсатшиноси исроилӣ, собиқ роҳбари хадамоти махсуси Исроил Нотив Яков Кедми.
"Қувваи ҷиддие вуҷуд надорад, ки ба тасарруфи пурраи Афғонистон аз ҷониби Толибон монеъ шавад. Шояд дар баъзе минтақаҳо муваққатан сулҳ кунанд, аммо ниҳоят Толибон тамоми Афғонистонро забт хоҳанд кард", - гуфтааст Кедми дар рафти баномаи радиоии Владимир Соловёв "Прямой контакт".
Вай Афғонистонро давлати сермиллат ва бисёрқабила номид, ки мушкилоти зиёди дохилӣ дорад.
Дар ин кишвар асосан паштунҳо, инчунин узбекҳо, тоҷикон ва ҳазараҳо зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи сиёсатшиноси исроилӣ, Афғонистон метавонад ба ягона давлате дар ҷаҳон табдил ёбад, террористон сари қудрат меистад. Вай Толибонро ба ташкилоти террористии Давлати Исломӣ (ДИ ё ДИИШ, мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) муқоиса кард.
"Ваҳшигарие, ки Толибон дар Афғонистон анҷом додаанд ва аллакай оғоз кардаанд, аз ваҳшигариҳои ДИИШ кам фарқ мекунад", - мегӯяд Кедми.
Вай таъкид кард, ки исломи фундаменталистие, ки Толибон онро таблиғ мекунанд, ҳамеша мехоҳад дар қаламравҳои дигар паҳн шавад.
Сиёсатшинос чунин мешуморад, ки пас аз Афғонистон ҷангиён ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ҳаракат мекунанд ва дар он ҷо тарафдорони зиёд пайдо мекунанд.
Толибон ба шимол ҳаракат мекунан - яъне, ба Тоҷикистон, Узбекистон ,Туркманистон, Қирғизистон а сипас ба уйғурҳои Қазоқистон мерасанд" - мутмаин аст коршинос.
Кедми хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистонро нангин номид.
"Амрикоиҳо худро дар ҳама ҷо дар тӯли 50 соли охир нишон доданд: онҳо ба чизе ноил нашуданд, омаданд, бадбахт шуданд, 20 солро сарф карданд, танҳо ҳамон Толибонро тақвият доданд", - хулоса кард ӯ.
*Ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия