Шиносоии генерал Сидоров бо хизмати марзбонҳои тоҷик дар сарҳад бо Афғонистон

© Пресс-службы Объединенного штаба ОДКБОперативная группа, возглавляемая начальником Объединенного штаба ОДКБ, посетила участок таджикско-афганской границы
Оперативная группа, возглавляемая начальником Объединенного штаба ОДКБ, посетила участок таджикско-афганской границы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Обуна шудан
Гурӯҳи фаврӣ аз минтақаи марзӣ, ки тавассути он беш аз 200 сарбози афғон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд, боздид кард
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Сардори Ситоди муштараки СААД, генерал – полковник Анатолий Сидоров дар якҷоягӣ бо гурӯҳи фаврӣ аз марзи Тоҷикистону Афғонистон дидан кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии созмон.
Аз ҷумла, ӯ аз болои минтақаи сарҳадӣ парвоз карда, аз қисми 9-уми сарҳадӣ дар Қалъаи Хумб боздид намуд.

"Гурӯҳи афсарон дар маҳал бо тартиби ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва таъминоти ҳайати шахсӣ бо аслиҳа ва техникаи махсус шинос шуданд", - гуфт хадамоти матбуот.

Ғайр аз ин, як гурӯҳи фаврӣ таҳти роҳбарии Сидоров минтақаи марзиро аз назар гузаронд, ки тавассути он беш аз 200 сарбози афғон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.
Вооруженный человек, выступающий против восстания талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
“Дахолат накунед, агар ташвише доред, гӯед”: хитоби Толибон* ба ҳамсояҳо - видео
Қайд карда мешавад, ки сардори Ситоди муштараки СААД ба дараҷаи омодагии ҷузъу томҳои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои таъмини амният дар марз баҳои баланд дод.
Боздид аз минтақаи наздимарзӣ мусоидат мекунад, ки пешниҳодҳои воқеӣ барои коҳиши ташаннуҷ дар минтақа ва омода кардани чораҳо дар доираи СААД амалӣ карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0