https://sputnik.tj/20210709/qirghiziston-tojikiston-marzbon-bargardonad-1040776217.html
Талаби Қирғизистон аз Тоҷикистон барои бозгардонии марзбони қирғиз
Талаби Қирғизистон аз Тоҷикистон барои бозгардонии марзбони қирғиз
Sputnik Тоҷикистон
Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон талаб кард, ки хизматчии ҳарбии Қирғизистонро, кидар паи муноқишаи марзӣ дастгир шудааст, баргардонад.
2021-07-09T16:14+0500
2021-07-09T16:14+0500
2021-07-09T16:14+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қирғизистон
талаб
баҳси марзӣ
бозгардонӣ
сарбоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_130:24:1000:513_1920x0_80_0_0_7ca157bb59ba1a744dd95308a43e6b25.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ҳангоми тирпарронӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар наздикии ағбаи Чашмагилдан рӯзи 8 июл як хизматчии ҳарбии Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз ҷониби марзбонони тоҷик боздошт ва ба қаламрави Тоҷикистон бурда шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти вазорат. Тибқи иттилои манбаъ, музокирот идома дорад. Бино ба гузориши расонаҳои Қирғизистон, аз ҷониби Тоҷикистон низ кушташудагон ва захмиён ҳастанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон қайд кард, ки рӯзи 8 июл тахминан соати 17:00 дар қисмати марзии Қирғизистону Тоҷикистон дар минтақаи ағбаи Чашмагилдан, отряди марзбонии Қирғизистон мавриди ҳамлаи низомиёни тоҷик қарор гирифт. Дар паи ин ҳодиса тирпарронӣ ба амал омад, ки дар натиҷа як хизматчии ҳарбии Қирғизистон кушта шуд.Вале, тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, чор шаҳрванди Қирғизистон марзи давлатро ғайриқонунӣ убур кардаанд. Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса дар ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух додааст. Артиши Қирғизистон бо автоматҳои Калашников мусаллаҳ будаанд.Ҷониби Тоҷикистон қайд кард, ки онҳо ният доштанд аз минтақаи Деваштич ба қаламрави ҷумҳурии худ 9 асп интиқол диҳанд.Сарҳадбонони Қирғизистон бар хилофи фармони охирин барои убури сарҳади давлатӣ, ба сӯи марзбонони тоҷик оташ кушоданд. Дар оташи ҷавобӣ, ду марзбони қирғиз маҷрӯҳ шуданд.Дар навбати худ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон қайд кард, ки марзбонон дар минтақаи ағбаи Наумини ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд хидмат мекарданд ва дар масири муайян ҳаракат доштанд.
https://sputnik.tj/20210709/marzi-tojikistonu-qirghiziston-tirparroni-1040762647.html
https://sputnik.tj/20210709/tirparroni-marz-qirghiziston-1040765362.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135624_357:35:1000:517_1920x0_80_0_0_d1d9391cad5126fac978b7cac7af26b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, тоҷикистон, амният, баҳси марзӣ
қирғизистон, тоҷикистон, амният, баҳси марзӣ
Талаби Қирғизистон аз Тоҷикистон барои бозгардонии марзбони қирғиз
Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон талаб кард, ки хизматчии ҳарбии Қирғизистонро, ки дар паи муноқишаи марзӣ дастгир шудааст, баргардонад.
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ҳангоми тирпарронӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дар наздикии ағбаи Чашмагилдан рӯзи 8 июл як хизматчии ҳарбии Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз ҷониби марзбонони тоҷик боздошт ва ба қаламрави Тоҷикистон бурда шуд, хабар медиҳад
Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти вазорат.
"Ҳоло намояндагони марзбонии ду кишвар дар маҳалли тирпарронӣ қарор доранд ва ин далелро таҳқиқ мекунанд. Намояндаи марзбонии Қирғизистон дар қитъаи Ботканд Киёлбек Толонбоев аз ҷониби Тоҷикистон талаб кард, ки хизматчии ҳарбии дар ин ҳодиса боздоштшударо баргардонад", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Тибқи иттилои манбаъ, музокирот идома дорад. Бино ба гузориши расонаҳои Қирғизистон, аз ҷониби Тоҷикистон низ кушташудагон ва захмиён ҳастанд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон қайд кард, ки рӯзи 8 июл тахминан соати 17:00 дар қисмати марзии Қирғизистону Тоҷикистон дар минтақаи ағбаи Чашмагилдан, отряди марзбонии Қирғизистон мавриди ҳамлаи низомиёни тоҷик қарор гирифт.
Дар паи ин ҳодиса тирпарронӣ ба амал омад, ки дар натиҷа як хизматчии ҳарбии Қирғизистон кушта шуд.
Вале, тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, чор шаҳрванди Қирғизистон марзи давлатро ғайриқонунӣ убур кардаанд. Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса дар ҷамоати Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд рух додааст. Артиши Қирғизистон бо автоматҳои Калашников мусаллаҳ будаанд.
Ҷониби Тоҷикистон қайд кард, ки онҳо ният доштанд аз минтақаи Деваштич ба қаламрави ҷумҳурии худ 9 асп интиқол диҳанд.
Сарҳадбонони Қирғизистон бар хилофи фармони охирин барои убури сарҳади давлатӣ, ба сӯи марзбонони тоҷик оташ кушоданд. Дар оташи ҷавобӣ, ду марзбони қирғиз маҷрӯҳ шуданд.
Дар навбати худ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон қайд кард, ки марзбонон дар минтақаи ағбаи Наумини ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд хидмат мекарданд ва дар масири муайян ҳаракат доштанд.