https://sputnik.tj/20210709/noib-raisi-dushanbe-bozor-oqibati-beniqobi-1040782466.html
Ноиби раиси Душанбе ба бозор рафту аз оқибати бениқобӣ ҳушдор дод
Ноиби раиси Душанбе ба бозор рафту аз оқибати бениқобӣ ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе дар бозори “Меҳргон” – и пойтахт аз хуруҷи коронавирус дар пайи беэътиноии шаҳрвандон ҳушдор дод
2021-07-09T19:40+0500
2021-07-09T19:40+0500
2021-08-10T17:02+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
душанбе
тандурустӣ
ниқоби сиёҳ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040782102_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_7e90d1a17c0f1d8b1e43dcb1102a58b2.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ситоди шаҳрии пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Душанбе, дар бозори “Меҳргон” бо кормандону фурӯшандаҳо мулоқот баргузор кард.Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, дар вохӯрӣ муовини раиси Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода изҳор дошт, ки вақтҳои охир баъзе аз сокинону меҳмонони пойтахт нисбат ба саломатии худ ва атрофиён беэътиноӣ зоҳир мекунанд.Манбаъ афзуд, гурӯҳҳои корӣ дар тамоми бозору марказҳои савдо, боғу гулгаштҳо маълум кард, ки шумораи зиёди сокинон ва масълину фурӯшандагон аз ниқоб истифода намекунанд.Таъкид гардид, ки дар шаҳри Душанбе тадбирҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шаванд.Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш ва талаб менамояд, ки нисбат ба саломатии худ ва наздиконашон бепарвоӣ зоҳир накарда, барои эмин мондан аз сирояти COVID-19 тибқи дастур ва тавсияи табибон пайваста амал намоянд.
https://sputnik.tj/20210709/hunarmand-qurbonali-rahmon-1040768396.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040782102_60:0:913:640_1920x0_80_0_0_b6f19de4663e5253be58838dc855eeda.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ниқоб, муовин, раис, душанбе, коронавирус, ниқоб
ниқоб, муовин, раис, душанбе, коронавирус, ниқоб
Ноиби раиси Душанбе ба бозор рафту аз оқибати бениқобӣ ҳушдор дод
19:40 09.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе дар бозори “Меҳргон” – и пойтахт аз хуруҷи коронавирус дар пайи беэътиноии шаҳрвандон ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ситоди шаҳрии пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Душанбе, дар бозори “Меҳргон” бо кормандону фурӯшандаҳо мулоқот баргузор кард.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, дар вохӯрӣ муовини раиси Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода изҳор дошт, ки вақтҳои охир баъзе аз сокинону меҳмонони пойтахт нисбат ба саломатии худ ва атрофиён беэътиноӣ зоҳир мекунанд.
“Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маконҳои серодам, бозору марказҳои савдо, боғу гулгашт ва нақлиёти ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ тамоман истифода намебаранд, ки чунин муносибат дар ниҳоят ба хуруҷи мавҷи навбатии бемории сироятии коронавируси COVID-19 оварда мерасонад”, - ҳушдор дод Мӯинӣ.
Манбаъ афзуд, гурӯҳҳои корӣ дар тамоми бозору марказҳои савдо, боғу гулгаштҳо маълум кард, ки шумораи зиёди сокинон ва масълину фурӯшандагон аз ниқоб истифода намекунанд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳри Душанбе тадбирҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шаванд.
Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш ва талаб менамояд, ки нисбат ба саломатии худ ва наздиконашон бепарвоӣ зоҳир накарда, барои эмин мондан аз сирояти COVID-19 тибқи дастур ва тавсияи табибон пайваста амал намоянд.