https://sputnik.tj/20210709/hunarmand-qurbonali-rahmon-1040768396.html
Хушхабар: ҳунарманд Қурбоналӣ Раҳмон ба ҳуш омад
Хушхабар: ҳунарманд Қурбоналӣ Раҳмон ба ҳуш омад
Sputnik Тоҷикистон
Пайвандони овозхон ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳаққи ӯ дуогӯ буданд, аҳволпурсӣ ва кӯмаке намудаанд, изҳори сипоси худро мерасонанд
2021-07-09T13:12+0500
2021-07-09T13:12+0500
2021-07-09T13:17+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҳунарманд
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040768272_0:57:301:226_1920x0_80_0_0_50d38940419ee5b01699904d69640aca.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Қурбоналӣ Раҳмон, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон чашмони худро боз намуд, хабар медиҳад рӯзноманигор Раҷаб Мирзо. Пайвандони овозхон ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳаққи ӯ дуогӯ буданд, аҳволпурсӣ ва кӯмаке намудаанд, изҳори сипоси худро мерасонанд.Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Қурбоналӣ Раҳмон, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ба муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи "Якум Советский" интиқол ёфт. Вазъи сиҳатиаш вазнин арзёбӣ мешуд.Яке аз пайвандони Қурбоналӣ Раҳмон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ тайи панҷ рӯзи ахир бо аломатҳои “вируси корона” дар хона бистарӣ ва таҳти муроқибати духтурон буд."Вазъи сиҳатиашон вазнин шуд ва мо тасмим гирифтем, ки ӯро ба шифохонаи "Якум Советский" баранд. Ҳоло таҳти назорати пизишкон аст", - гуфта буд ӯ.Моҳи майи соли 2018 ҳамсар ва модарарӯси Қурбоналӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ тақрибан паиҳам аз олам даргузашта буданд.урбоналӣ Раҳмон соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода аст (1977).Ӯ солҳо роҳбари Хонаи маданият ва мудири шуъбаи фарҳанг ва роҳбари ансамбли "Чашма”-и ноҳияи Восеъ буд.Соли 1986 унвони Ҳунарпешаи шинохтаи ҶШС Тоҷикистон шуд.Қурбоналӣ Раҳмон соли 1996 ба Душанбе омад ва дар ансамбли "Дарё" ба кор даромад.Ду сол баъд роҳбари ансамбли тарона ва рақси "Сомониён" таъйин шуд. Соли 2004 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро ба даст овард.
https://sputnik.tj/20210707/-ahvoli-ovozhoni-marufi-tojik-vaznin-1040701027.html
https://sputnik.tj/20210601/zindagi-pur-az-fojiai-zafar-nozim-1039883995.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040768272_0:29:301:254_1920x0_80_0_0_c107da378d03f22d442d0f9a12f998d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус ҳунарманд
Хушхабар: ҳунарманд Қурбоналӣ Раҳмон ба ҳуш омад
13:12 09.07.2021 (Навсозишуда: 13:17 09.07.2021) Пайвандони овозхон ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳаққи ӯ дуогӯ буданд, аҳволпурсӣ ва кӯмаке намудаанд, изҳори сипоси худро мерасонанд
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Қурбоналӣ Раҳмон, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон чашмони худро боз намуд, хабар медиҳад рӯзноманигор Раҷаб Мирзо.
"Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон, ки чанд рӯзи ахир беҳушу беёд дар касалхонаи "Якум Совет" мехобид, акнун чашмони худро боз намудааст", - менависад рӯзноманигор дар саҳифаи фейсбукии "Ахбор барои афкор".
Пайвандони овозхон ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳаққи ӯ дуогӯ буданд, аҳволпурсӣ ва кӯмаке намудаанд, изҳори сипоси худро мерасонанд.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Қурбоналӣ Раҳмон, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ба муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи "Якум Советский" интиқол ёфт.
Вазъи сиҳатиаш вазнин арзёбӣ мешуд.
Яке аз пайвандони Қурбоналӣ Раҳмон ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ тайи панҷ рӯзи ахир бо аломатҳои “вируси корона” дар хона бистарӣ ва таҳти муроқибати духтурон буд.
"Вазъи сиҳатиашон вазнин шуд ва мо тасмим гирифтем, ки ӯро ба шифохонаи "Якум Советский" баранд. Ҳоло таҳти назорати пизишкон аст", - гуфта буд ӯ.
Моҳи майи соли 2018 ҳамсар ва модарарӯси Қурбоналӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ тақрибан паиҳам аз олам даргузашта буданд.
урбоналӣ Раҳмон соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода аст (1977).
Ӯ солҳо роҳбари Хонаи маданият ва мудири шуъбаи фарҳанг ва роҳбари ансамбли "Чашма”-и ноҳияи Восеъ буд.
Соли 1986 унвони Ҳунарпешаи шинохтаи ҶШС Тоҷикистон шуд.
Қурбоналӣ Раҳмон соли 1996 ба Душанбе омад ва дар ансамбли "Дарё" ба кор даромад.
Ду сол баъд роҳбари ансамбли тарона ва рақси "Сомониён" таъйин шуд. Соли 2004 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро ба даст овард.