Бо дархости сафири Эрон дар Вазорати хориҷа равобити ду кишвар баррасӣ шуд

© МИД РТПосол Ирана встретился с зам министром иностранных дел РТ
Посол Ирана встретился с зам министром иностранных дел РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2021
Обуна шудан
Имрӯз дар Душанбе бино бар дархости ҷониби эронӣ мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ бо Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Пас аз робитаҳои сарди чанд сол пеш, айни замон мақомоти Тоҷикистон ва Эрон боз ба ҳам наздик мешаванд.
Чанде пеш вазирони дифоъ ва корҳои дохилии Тоҷикистон аз Эрон сафар карданд.
Новоизбранный президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Шабистарӣ: равобити Тоҷикистону Эрон дар даврони Раисӣ беш аз пеш тақвият меёбанд
Дар моҳҳои феврал ва март вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷии Эрон аз Тоҷикистон дидан намуда буданд.
Дар поёни соли 2015 равобит миёни Тоҷикистону Эрон ба сардӣ гароид. Тоҷикистон ошкору ниҳон мақомоти Эронро ба пуштибонӣ аз ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва Теҳрон Душанберо барои гум шудани миллионҳо доллари Бобаки Занҷонӣ муттаҳам карданд.
Аммо дар се соли ахир равобити ду кишвар рӯ ба гармӣ ниҳодааст.
Лентаи хабарҳо
0