https://sputnik.tj/20210623/shabistari-ravobit-tojikiston-eron-taqviyat-1040380215.html
Шабистарӣ: равобити Тоҷикистону Эрон дар даврони Раисӣ беш аз пеш тақвият меёбанд
Шабистарӣ: равобити Тоҷикистону Эрон дар даврони Раисӣ беш аз пеш тақвият меёбанд
Sputnik Тоҷикистон
Аввалин сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, равобити ду кишвар дар даврони раёсатҷумҳурии Саидиброҳим Раисӣ беш аз гузашта тақвият мешавад
2021-06-23T12:40+0500
2021-06-23T12:40+0500
2021-06-23T13:15+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
осиёи марказӣ
равобит
тақвият
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/14/1040324094_0:79:533:379_1920x0_80_0_0_5dc9b8b39c654627dc726b85a6e56d5d.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, нахустин сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, мардуми Тоҷикистон ва Эрон иштироки таърихӣ ва фарҳангии бисёре доранд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".Оқои Алиашраф афзуд, бояд бо иҷрои барномаҳои фарҳангӣ равобити мардумии ду кишварро бештар аз гузашта тавсеъа бидиҳем.Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон гуфт, мардуми Тоҷикистон хостори тавсеъаи равобити ду кишвар дар бахшҳои мухталиф ҳастанд.Ёдрас мешавем, ки Эрон дар Тоҷикистон ду тарҳи бузург -- нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" –ро амалӣ кардааст. Пас аз робитаҳои сарди чанд сол пеш, айни замон ду тараф ба ҳам наздик мешаванд. Дар моҳҳои охир вазирони дифоъ ва корҳои дохилии Тоҷикистон аз Эрон боздид карданд. Дар моҳҳои феврал ва март вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷии Эрон аз Тоҷикистон дидан намуданд.Соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 57,7 миллион долларро ташкил дод, ки дар ҳаҷми тиҷорати берунаи кишвар 1,3%-ро дар бар мегирад.Дар тиҷорати дуҷониба ба содирот 9,4 миллион доллар ва воридот 48,4 миллион доллар рост меояд.
https://sputnik.tj/20210620/raisi-kishvar-asri-nav-1040324364.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/14/1040324094_0:29:533:429_1920x0_80_0_0_c3c8ab123de058bf5228d59b27010767.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, тоҷикистон, равобит, ҳамкорӣ, равобит, тақвият
эрон, тоҷикистон, равобит, ҳамкорӣ, равобит, тақвият
Шабистарӣ: равобити Тоҷикистону Эрон дар даврони Раисӣ беш аз пеш тақвият меёбанд
12:40 23.06.2021 (Навсозишуда: 13:15 23.06.2021) Аввалин сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, равобити ду кишвар дар даврони раёсатҷумҳурии Саидиброҳим Раисӣ беш аз гузашта тақвият мешавад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, нахустин сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, мардуми Тоҷикистон ва Эрон иштироки таърихӣ ва фарҳангии бисёре доранд, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
Оқои Алиашраф афзуд, бояд бо иҷрои барномаҳои фарҳангӣ равобити мардумии ду кишварро бештар аз гузашта тавсеъа бидиҳем.
Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон гуфт, мардуми Тоҷикистон хостори тавсеъаи равобити ду кишвар дар бахшҳои мухталиф ҳастанд.
Ёдрас мешавем, ки Эрон дар Тоҷикистон ду тарҳи бузург -- нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" –ро амалӣ кардааст.
Пас аз робитаҳои сарди чанд сол пеш, айни замон ду тараф ба ҳам наздик мешаванд.
Дар моҳҳои охир вазирони дифоъ ва корҳои дохилии Тоҷикистон аз Эрон боздид карданд. Дар моҳҳои феврал ва март вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷии Эрон аз Тоҷикистон дидан намуданд.
Соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 57,7 миллион долларро ташкил дод, ки дар ҳаҷми тиҷорати берунаи кишвар 1,3%-ро дар бар мегирад.
Дар тиҷорати дуҷониба ба содирот 9,4 миллион доллар ва воридот 48,4 миллион доллар рост меояд.