https://sputnik.tj/20210708/vazorat-tojikiston-vaksin-1040739457.html
Вазорат гуфт, киҳо дар Тоҷикистон ваксин намегиранд
Вазорат гуфт, киҳо дар Тоҷикистон ваксин намегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Нафароне, ки дар давраи ваксингирӣ мубталои коронавирус гардидаанд, эмшавии онҳо танҳо пас аз 6 моҳ имконпазир мешавад.
2021-07-08T10:35+0500
2021-07-08T10:35+0500
2021-08-10T17:02+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928896_0:144:2738:1684_1920x0_80_0_0_a401577761c84b05757012275dc5a5c7.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон ваксингирӣ барои афроди аз 18 - сола боло ҳатмӣ гардид. Чунин қарорро Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди мубориза бо коронаиврус ба тасвиб расонд. Вале Вазорати тандурустии Тоҷикистон гурӯҳи одамонеро қайд кард, ки гирифтани ваксин барои онҳо манъ аст.Ба гуфтаи сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷафаров, занҳои ҳомила дар Тоҷикистон ба иммунизатсия ҷалб нахоҳанд шуд. Ҳамчунин заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, низ ваксин намегиранд.Ҷафаров ҳамчунин зикр намудааст, афроде, ки ҳарарати бадани онҳо баланд аст ва ё хуруҷи бемориҳои музмин ва сироятӣ дар онҳо мушоҳида мешавад, ваксинзании онҳо ҳам то як муддати муайян ба таъхир гузошта мешавад.Илова бар ин, нафароне, ки дар давраи ваксингирӣ мубталои коронавирус гардидаанд, эмшавии онҳо танҳо пас аз 6 моҳ имконпазир мешавад.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло ду навъ ваксин дар гардиш аст, ки яке "AstraZeneca" ва дигаре "CoronaVac" мебошад. Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми коронавирус сар зад ва то 7 июл дар ҷумҳурӣ 339 749 нафар алайҳи ин маризӣ ваксин гирифтанд.
https://sputnik.tj/20210707/vazorat-tedodi-shahrvandon-vaksingirifta-elon-1040707488.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928896_151:0:2588:1828_1920x0_80_0_0_abe8112e5f9bbd3eeb833a960503e476.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коронавирус
Вазорат гуфт, киҳо дар Тоҷикистон ваксин намегиранд
10:35 08.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки кадом нафарон дар Тоҷикистон ваксин намегиранд ва ё ваксингирии онҳо ба таъхир гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон ваксингирӣ барои афроди аз 18 - сола боло ҳатмӣ гардид. Чунин қарорро Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди мубориза бо коронаиврус ба тасвиб расонд. Вале Вазорати тандурустии Тоҷикистон гурӯҳи одамонеро қайд кард, ки гирифтани ваксин барои онҳо манъ аст.
Ба гуфтаи сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷафаров, занҳои ҳомила дар Тоҷикистон ба иммунизатсия ҷалб нахоҳанд шуд. Ҳамчунин заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, низ ваксин намегиранд.
Ҷафаров ҳамчунин зикр намудааст, афроде, ки ҳарарати бадани онҳо баланд аст ва ё хуруҷи бемориҳои музмин ва сироятӣ дар онҳо мушоҳида мешавад, ваксинзании онҳо ҳам то як муддати муайян ба таъхир гузошта мешавад.
Илова бар ин, нафароне, ки дар давраи ваксингирӣ мубталои коронавирус гардидаанд, эмшавии онҳо танҳо пас аз 6 моҳ имконпазир мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло ду навъ ваксин дар гардиш аст, ки яке "AstraZeneca" ва дигаре "CoronaVac" мебошад.
"Афроде, ки маротибаи аввал бо яке аз ин ду ваксин эм мешавад, вояи дуюм ҳам маҳз бо ҳамон ваксин хоҳад гирифт", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми коронавирус сар зад ва то 7 июл дар ҷумҳурӣ 339 749 нафар алайҳи ин маризӣ ваксин гирифтанд.