https://sputnik.tj/20210708/rohbari-televizioni-dushanbe-barkanor-shud-1040758187.html
Роҳбари “Телевизиони Душанбе” барканор шуд: курсиашро кӣ гирифт?
Роҳбари “Телевизиони Душанбе” барканор шуд: курсиашро кӣ гирифт?
Sputnik Тоҷикистон
Суҳроб Рауфзода аз мақоми директори “Телевизиони Душанбе” барканор шуд
2021-07-08T19:30+0500
2021-07-08T19:30+0500
2021-07-08T19:30+0500
дар тоҷикистон
душанбе
барканор
рустами эмомалӣ
пойтахт
рӯзноманигор
телевизион
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101522/32/1015223213_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_e715e8f08e072914c460d90be8858180.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Маъруф Оқилов таъин шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.Гуфта шудааст, ки муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар ҳузури кормандони Маъруфҷон Оқиловро муаррифӣ кард.Бояд гуфт, ки Маъруф Оқилов то ин муддат дар МД “Телевизиони Варзиш” ба ҳайси муовини техникӣ фаъолият дошт. Суҳроб Рауфзода бошад, аз 13-уми январи соли 2017 то 7 июли соли равон дар вазифаи директори “Телевизиони Душанбе” кор кард.Телевизиони “Душанбе”, ки дар аввал номи телевизиони “Пойтахт”-ро дошт, дар асоси қарори собиқ раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев, дар заминаи телевизиони ҳамноми ҷамъиятӣ, 6 сентябри соли 2006 таъсис шудааст.Он бо мақсади таъмини фазои комили иттилоотии пойтахт ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маъмурии кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони он, ташкили муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ, инъикоси объективонаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудаастМуассис ва маблағгузори телевизиони “Душанбе” дар ҳоли ҳозир шаҳрдории Душанбе аст.
https://sputnik.tj/20210705/rahmon-razdvedkachi-asosii-tojikistonro-barkanor-1040667579.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101522/32/1015223213_89:0:1600:1133_1920x0_80_0_0_be68d8700c46641197db27e10a156faa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, телевизиони душанбе, роҳбар, барканор
тоҷикистон, телевизиони душанбе, роҳбар, барканор
Роҳбари “Телевизиони Душанбе” барканор шуд: курсиашро кӣ гирифт?
Суҳроб Рауфзода аз мақоми директори “Телевизиони Душанбе” барканор шуд
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Маъруф Оқилов таъин шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдорӣ.
Гуфта шудааст, ки муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар ҳузури кормандони Маъруфҷон Оқиловро муаррифӣ кард.
Бояд гуфт, ки Маъруф Оқилов то ин муддат дар МД “Телевизиони Варзиш” ба ҳайси муовини техникӣ фаъолият дошт. Суҳроб Рауфзода бошад, аз 13-уми январи соли 2017 то 7 июли соли равон дар вазифаи директори “Телевизиони Душанбе” кор кард.
Телевизиони “Душанбе”, ки дар аввал номи телевизиони “Пойтахт”-ро дошт, дар асоси қарори собиқ раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев, дар заминаи телевизиони ҳамноми ҷамъиятӣ, 6 сентябри соли 2006 таъсис шудааст.
Он бо мақсади таъмини фазои комили иттилоотии пойтахт ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маъмурии кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони он, ташкили муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ, инъикоси объективонаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудааст
Муассис ва маблағгузори телевизиони “Душанбе” дар ҳоли ҳозир шаҳрдории Душанбе аст.