Раҳмон "разведкачӣ" - и асосии марзбонии Тоҷикистонро барканор кард

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкТаджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа.
Таджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳайати фармондеҳии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат, Абдуллозода Нурулло Ҳомидро аз вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон озод кард.
Абдуллозода дар ин мақом корҳои бахши разведкаро роҳбарӣ мекард. Далели барканорияш дар қарори Ҳукумат гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст, аммо феълан мақоми нави ӯ маълум нест.
Инчунин маълум нест, ки ноиби нави фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ дар бахши разведка ё иктишоф кӣ таъйин шудааст ё мешавад.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Толибон* Тоҷикистонро дӯст хонданду ваъда доданд, ки ҳамла намекунанд
Ин тағйирот дар ҳолест, ки вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳафтаҳои охир шиддат гирифта, аъзои созмони мамнӯи Толибон* бисёре аз навоҳии ҳаммарз бо Тоҷикистонро ғасб намудаанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амниятӣ ба вазифи мудофиа дастур дод, ки барои таҳкими ҳифзи сарҳадот ҳудуди 20 ҳазор низомии эҳтиётиро ба марз бо Афғонистон сафарбар намояд.
Дар ҳамин ҳол Толибон* изҳор доштаанд, ки марзи Тоҷикистонро нахоҳанд шикасту бо ин кишвари дӯст муносиботи хуб хоҳанд дошт.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0