https://sputnik.tj/20210513/manizha-roterdam-zabon-tojiki-surud-navor-1039431561.html
Манижа дар Роттердам бо забони тоҷикӣ суруд хонд - навор
Манижа дар Роттердам бо забони тоҷикӣ суруд хонд - навор
Sputnik Тоҷикистон
"Ман наметонам, бе ту наметонам, ҷонам", - замзама кард Манижа ва аз кафкӯбиҳои дар толор нишастагон маълум буд, ки ин вожаҳо сахт писандашон омадааст.
2021-05-13T18:38+0500
2021-05-13T18:38+0500
2021-05-13T19:34+0500
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
фарҳанг
суруд
тоҷикӣ
манижа сангин
навор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/10/1033008716_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_493b53ddae9352693d4774d9909254d2.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Навор аз нишасти хабарӣ дар Роттердам бо ҳузури Манижа Сангин, ки бо забони тоҷикӣ замзама кард, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт."Ман наметонам, бе ту наметонам, ҷонам", - замзама кард Манижа ва аз кафкӯбиҳои дар толор нишастагон маълум буд, ки ин вожаҳо сахт писандашон омадааст.Ин вожаҳои тоҷикӣ аз суруди машҳури Манижа бо номи "Мама" мебошад, ки соли 2017 дар YouTube нашр шуд ва соли 2019 ба ин суруд намоҳанг сабт карда шуд.Дар он ҳаёти духтараке инъикос мешавад, ки доим падараш модарашро шиканҷа мекунад. Худи Манижа дар шарҳи ин намоҳанг изҳор дошт буд, ки дар роҳи мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон дар хонаводаҳо клипро сабт кардааст. Аз намоҳанги "Мама" дар Ютуб бештар аз 2 миллион нафар тамошо кардаанд.Вожаи тоҷикӣ дар ин сурудро Манижа ду маротиба такрор мешавад.Ин овозхони зодаи Тоҷикистон ба ғайр аз суруди "Мама" боз дар ду суруди хуз вожаҳои тоҷикиро ба кор бурдааст.Аз ҷумла дар суруди "Ваня", вожаи "ҷони бобош" ва дар суруди "Недославянка" , вожаи "Ё Аллоҳ" ва "Ё бача ту маро гӯш кун" - ро истифода намудааст.Манижа дар Евровидение - 2021Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд.Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт. Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд.Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид. Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.
https://sputnik.tj/20210413/intiqodi-shufutinskiy-surud-manizha-evrovideneie-2021-1038286712.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/10/1033008716_219:0:1179:720_1920x0_80_0_0_d5775aecb00e62eb0fd9c54cebdc4b16.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
манижа сангин, роттердам, забони тоҷикӣ, навор
манижа сангин, роттердам, забони тоҷикӣ, навор
Манижа дар Роттердам бо забони тоҷикӣ суруд хонд - навор
18:38 13.05.2021 (Навсозишуда: 19:34 13.05.2021) Манижа Сангин, ки имсол аз номи Русия дар "Евровидение - 2021" баромад мекунад, зимни нишасти хабарӣ бо забони тоҷикӣ замзама кард
ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Навор аз нишасти хабарӣ дар Роттердам бо ҳузури Манижа Сангин, ки бо забони тоҷикӣ замзама кард, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
"Ман наметонам, бе ту наметонам, ҷонам", - замзама кард Манижа ва аз кафкӯбиҳои дар толор нишастагон маълум буд, ки ин вожаҳо сахт писандашон омадааст.
Ин вожаҳои тоҷикӣ аз суруди машҳури Манижа бо номи "Мама" мебошад, ки соли 2017 дар YouTube нашр шуд ва соли 2019 ба ин суруд намоҳанг сабт карда шуд.
Дар он ҳаёти духтараке инъикос мешавад, ки доим падараш модарашро шиканҷа мекунад.
Худи Манижа дар шарҳи ин намоҳанг изҳор дошт буд, ки дар роҳи мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон дар хонаводаҳо клипро сабт кардааст. Аз намоҳанги "Мама" дар Ютуб бештар аз 2 миллион нафар тамошо кардаанд.
Вожаи тоҷикӣ дар ин сурудро Манижа ду маротиба такрор мешавад.
Ин овозхони зодаи Тоҷикистон ба ғайр аз суруди "Мама" боз дар ду суруди хуз вожаҳои тоҷикиро ба кор бурдааст.
Аз ҷумла дар суруди "Ваня", вожаи "ҷони бобош" ва дар суруди "Недославянка" , вожаи "Ё Аллоҳ" ва "Ё бача ту маро гӯш кун" - ро истифода намудааст.
Манижа дар Евровидение - 2021
Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд.
Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт. Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд.
Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд.
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид. Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.