Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Лавров дар бораи вуруди низомиён ба Афғонистон изҳорот дод

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевУчения ОДКБ "Нерушимое братство-2019" в Таджикистане
Учения ОДКБ Нерушимое братство-2019 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров дар бораи вуруди низомиёни ин кишвар ба хоки Афғонистон изҳорот дод
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Русия низомиёни худро ба хоки Афғонистон ворид мекунад ё на, чунин суол пешорӯи вазири умури хориҷаи ин кишвар Сергей Лавров гузошта шуд .
Сиёсатмадори рус дар ҷавоб ба ин суол гуфт, ки посух аллакай маълум аст.
"Оё низомиёни худро вориди Афғонистон мекунем" Ман фикр мекунам, ки посух маълум аст", - изҳор дошт роҳбари ВУХ ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи федералии Шарқи Дур.
Зимнан, роҳбари Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, дар сурати ҳамлаи Толибон*, СААД мададрасони Тоҷикистон хоҳад буд.
Илова бар ин, Лавров қайд кард, ки хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон, мағлубияти онҳоро ифода мекунад.
Солдат Афганской национальной армии охраняет блокпост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Шералӣ Мирзо бо Сидоров вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард
Дар Афғонистон феълан задухӯрди шадид миёни низомиёни ин кишвар ва ҷангиёни ҳаракати Толибон ҷараён дорад. Натиҷаи набардҳои чандҳафтаина ин аст, ки Толибон тавонистанд қисмати зиёди Афғонистонро ба тобеияти худ дароранд.
Ин ҳамлаҳо дақиқан пас аз хуруҷ шудани низомиёни Амрико аз Афғонистон ҷон гирифтанд. Ҳоло ҳудуди 1000 шаҳрванди Афғонистон, ки қисмати зиёди онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуреза шуданд.
* созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0