https://sputnik.tj/20210708/sherali-mirzo-sidorov-tojikistonu-afghoniston-1040738410.html
Шералӣ Мирзо бо Сидоров вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард
Шералӣ Мирзо бо Сидоров вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе мулоқоти кории вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва сардори ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти СААД.
2021-07-08T10:24+0500
2021-07-08T10:24+0500
2021-07-08T10:24+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
шералӣ мирзо
анатолий сидоров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0c/1031720086_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_731e6b3ae83abe6dbf362f1d887541d4.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти кории вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва сардори ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ генерал-полковник Анатолий Сидоров баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти СААД. Дар ҷараёни ин музокирот ҷонибҳо вазъи кунунии сиёсӣ ва ҳарбӣ-стратегии Осиёи Марказиро бинобар шиддат гирифтани вазъи Афғонистон муҳокима кардаанд. Дар ин мулоқот диққати махсус ба авзои марзи Тоҷикистону Афғонистон дода шудааст. Дар баробари ин, ҷонибҳо фирори шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбии Афғонистонро ба Тоҷикистон муҳокима кардаанд. Ҳукумат навори қабули гурезаҳои афғонро нишон дод – видеоЁдрас мешавем, ки фаъолияти ҷангиёни ҷунбиши радикалии "Толибон" (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Ҷангҳои шадиди байни ҳукумат ва "Толибон" ҳафтаҳост, ки дар чаҳор минтақаи марзӣ идома дорад. Аз 28 вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон 18 ноҳия зери назорати ҷангиён гузашт. Дар маҷмӯъ, "Толибон" аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 вулусволии Афғонистонро забт кардаанд. Беш аз 1000 сарбози афғон пас аз ҷанг бо "Толибон" ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Қаблан Мушовири президенти Афғонистон оид ба амнияти миллӣ Ҳамдуллоҳ Муҳиб вазъият дар шимоли кишварро ҷиддӣ хонда буд. Вай афзуд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаҳои ишғолшудаи "Толибон" ҳамлаи зиддитеррористӣ ба нақша гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20210708/lavrov-hamla-afghoniston-saad-tojikiston-1040738019.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0c/1031720086_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_94f999330504ed7162c7c0fc7425c488.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, тоҷикистон, афғонистон, амният
саад, тоҷикистон, афғонистон, амният
Шералӣ Мирзо бо Сидоров вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ кард
Дар ин музокирот ҷонибҳо вазъи кунунии Осиёи Марказиро бинобар шиддат гирифтани авзои Афғонистон муҳокима кардаанд
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти кории вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва сардори ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ генерал-полковник Анатолий Сидоров баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти СААД.
Дар ҷараёни ин музокирот ҷонибҳо вазъи кунунии сиёсӣ ва ҳарбӣ-стратегии Осиёи Марказиро бинобар шиддат гирифтани вазъи Афғонистон муҳокима кардаанд.
Дар ин мулоқот диққати махсус ба авзои марзи Тоҷикистону Афғонистон дода шудааст.
"Масъалаҳои татбиқи чораҳо барои безарар кардани хавфҳо, чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин баланд бардоштани омодагии муштараки оперативӣ ва ҷангии шӯъбаҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД, инчунин расонидани кумаки ҳарбӣ муҳокима шуд", - омадааст дар хабарнома.
Дар баробари ин, ҷонибҳо фирори шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбии Афғонистонро ба Тоҷикистон муҳокима кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки фаъолияти ҷангиёни ҷунбиши радикалии "Толибон" (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт.
Ҷангҳои шадиди байни ҳукумат ва "Толибон" ҳафтаҳост, ки дар чаҳор минтақаи марзӣ идома дорад.
Аз 28 вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон 18 ноҳия зери назорати ҷангиён гузашт.
Дар маҷмӯъ, "Толибон" аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 вулусволии Афғонистонро забт кардаанд.
Қаблан Мушовири президенти Афғонистон оид ба амнияти миллӣ Ҳамдуллоҳ Муҳиб вазъият дар шимоли кишварро ҷиддӣ хонда буд. Вай афзуд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаҳои ишғолшудаи "Толибон" ҳамлаи зиддитеррористӣ ба нақша гирифтаанд.