Заминларза дар Тоҷикистон

Дар наздикии шаҳри Хоруғ заминларзаи 4 - баллӣ рух дод

© AFP 2023 / FREDERICK FLORINСейсмография, архивное фото
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Обуна шудан
Дар қаламрави марзии Тоҷикистону Афғонистон заминларза сабт шуд
ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларза ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон.
Ларзиши замин соати 03:52 ба вақти маҳаллӣ сабт шуда, қуввааш 3,9 балл будааст.
Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Миёназамин қувваи онро 4,1 балл гуфтааст.
Заминҷунбӣ 40 километр шарқтар аз шаҳри Хоруғ ва беш аз 200 километр шарқтар аз Қундузи Афғонистон эҳсос шудааст.
Нишондодҳои заминҷунбӣ чунинанд: 37,89 арзи шимолӣ ва 72.08 тӯли шарқӣ.
Маркази ларзиш дар чуқурии 182 километр ва аз рӯи дигар манбаъҳо, дар умқи 140 метр ҷойгир будааст.
Трещина на асфальте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Заминларза дар Тоҷикистон
Субҳи барвақт Хоруғро заминларза такон дод
Қайд мешавад, ки заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон эҳсос нашудааст ва масофа аз маркази зилзила то Тошканд беш аз 400 километрро ташкил додааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ин бора то ҳол шарҳе надодааст.
Дар бораи талафоти ҷонию молӣ гузориш дода нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0