Бозори арз: коҳиши қурби рубл ва евро дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкДоллары
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он қурби рубли русӣ ва еврои аврупоӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1523 буда нисбат ба шабонарӯзи гузашта коҳиш ёфтааст. Дирӯз арзиши 1 рубли русӣ 0.1538 буд.
Қурби доллар бошад, бетағйир мондааст.
Тибқи нишондоди БМТ ҳоло 1 доллар 11.3220 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз низ каме поин рафтааст.
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.3871 сомонӣ муқаррар шудааст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13.4052 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Основатель компаний Tesla и SpaceX Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Forbes: дороии Илон Маск беш аз 10 миллиард доллар афзоиш ёфт
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3220 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.3871 то 13.6000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1523 то 0.1550 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0