https://sputnik.tj/20210628/forbes-doroii-ilon-mask-afzoish-yoft-1040482935.html
Forbes: дороии Илон Маск беш аз 10 миллиард доллар афзоиш ёфт
Forbes: дороии Илон Маск беш аз 10 миллиард доллар афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Маҷалаи Forbes маълумотеро интишор намудааст, ки тибқи он дороии Илон Маск дар охири ҳафта тақрибан даҳ миллиард доллар афзоиш ёфт
2021-06-28T12:00+0500
2021-06-28T12:00+0500
2021-06-28T12:00+0500
дар ҷаҳон
амрико
доллар
forbes
худрав
феҳрист
миллиард
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035163707_0:0:2959:1665_1920x0_80_0_0_2083eac36c66a254606f96d428a0f624.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Маҷалаи Forbes ҳисоб кардааст, ки дороии истеҳсолкунандаи мошинҳои электрикии Tesla дар охири ҳафтаи гузашта 9,9 миллиард доллар афзудааст, иттилоъ додааст РИА Новости.Тибқи иттилои нашрия, дороии Маск аз ҳисоби афзоиши арзиши саҳмияҳои Tesla тақрибан 9,9 миллиард афзуда, 165,9 миллиард долларро ташкил додааст. Маск то ҳол дар феҳристи миллиардерҳои Forbes Real-Time дар ҷои сеюм қарор дорад.Арзиши саҳмияҳои Tesla дар охири ҳафтаи гузашта 7,8% боло рафт, дар ҳоле, ки рӯзи ҷумъаи гузашта арзиши коғазҳои қиматноки Tesla 1,17% поин рафт.Нашрия чунин болоравии арзиши коғазҳои қиматноки ширкатро бо хушбинии умумии бозор рабт медиҳад, зеро Кохи Сафед ва як гурӯҳ сенаторҳои демократ ва ҷумҳурихоҳи ИМА ахиран дар бораи маблағгузории "бастаи инфрасохторӣ" дар ҳаҷми тақрибан 1,2 триллион доллар эълон карданд.Ширкати амрикоии Tesla Motors соли 2003 ҳамчун таҳиягар ва истеҳсолкунандаи мошинҳои барқӣ ва технологияҳои марбут ба он таъсис ёфта буд. Идораи марказии ин ширкат дар Пало Алто, иолоти Калифорнияи Амрико ҷойгир аст. Ғайр аз мошинҳои барқӣ, ширкат бо истифода аз технологияи худ аккумуляторҳо ва муҳаррикҳои барқӣ истеҳсол мекунад ва ба ширкатҳои дигари мошинсозӣ, алахусус Toyota ва Daimler мефурӯшад.
https://sputnik.tj/20210406/mask-6-milliard-dollar-boytar-shud-1034258037.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035163707_48:0:2779:2048_1920x0_80_0_0_b8eba544a39191c2cbe32a1c860ee80b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, илон маск, дорои, зиёдтар, маҷалаи forbes
амрико, илон маск, дорои, зиёдтар, маҷалаи forbes
Forbes: дороии Илон Маск беш аз 10 миллиард доллар афзоиш ёфт
Маҷалаи Forbes маълумотеро интишор намудааст, ки тибқи он дороии Илон Маск дар охири ҳафта тақрибан даҳ миллиард доллар афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Маҷалаи Forbes ҳисоб кардааст, ки дороии истеҳсолкунандаи мошинҳои электрикии Tesla дар охири ҳафтаи гузашта 9,9 миллиард доллар афзудааст, иттилоъ додааст РИА Новости.
Тибқи иттилои нашрия, дороии Маск аз ҳисоби афзоиши арзиши саҳмияҳои Tesla тақрибан 9,9 миллиард афзуда, 165,9 миллиард долларро ташкил додааст. Маск то ҳол дар феҳристи миллиардерҳои Forbes Real-Time дар ҷои сеюм қарор дорад.
Арзиши саҳмияҳои Tesla дар охири ҳафтаи гузашта 7,8% боло рафт, дар ҳоле, ки рӯзи ҷумъаи гузашта арзиши коғазҳои қиматноки Tesla 1,17% поин рафт.
Нашрия чунин болоравии арзиши коғазҳои қиматноки ширкатро бо хушбинии умумии бозор рабт медиҳад, зеро Кохи Сафед ва як гурӯҳ сенаторҳои демократ ва ҷумҳурихоҳи ИМА ахиран дар бораи маблағгузории "бастаи инфрасохторӣ" дар ҳаҷми тақрибан 1,2 триллион доллар эълон карданд.
Ширкати амрикоии Tesla Motors соли 2003 ҳамчун таҳиягар ва истеҳсолкунандаи мошинҳои барқӣ ва технологияҳои марбут ба он таъсис ёфта буд.
Идораи марказии ин ширкат дар Пало Алто, иолоти Калифорнияи Амрико ҷойгир аст. Ғайр аз мошинҳои барқӣ, ширкат бо истифода аз технологияи худ аккумуляторҳо ва муҳаррикҳои барқӣ истеҳсол мекунад ва ба ширкатҳои дигари мошинсозӣ, алахусус Toyota ва Daimler мефурӯшад.