Дар Тоҷикистон имтиҳоноти дохилшавӣ ҷамъбаст гардид

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкСдача экзаменов
Сдача экзаменов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Даври иловагии имтиҳонот 12 июл баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Имрӯз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбиро ҷамъбаст кард.
Бино бар иттилои Марказ ба имтиҳонҳо 103 ҳазору 429 нафар номнавис гардида буданд.
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо ба 20 июл ба нақша гирифта шудааст.
"12 июл соли равон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври иловагии ИМД доир мегардад", - таъкид мекунад манбаъ.
Дар 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ фаъолият намуданд. Барои гузаронидани раванди имтиҳонҳо 1937 нафар корманди муваққатӣ дар асоси шартномаи меҳнатӣ, барои ташкил ва идораи имтиҳонҳо фаъолият доштанд.
Вступительные экзамены в вузы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2020
Танҳо як имтиҳон: Маркази миллии тестӣ шартҳоро дигар кард
Инчунин, 112 нафар аз кормандони асосӣ ва муваққатии Марказ ҳамчун намояндаи ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ иштирок доштанд.
Соли равон, чун соли гузашта, раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати бархат (онлайн) дар Марказ пахш гардид.
Лентаи хабарҳо
0