Танҳо як имтиҳон: Маркази миллии тестӣ шартҳоро дигар кард

© Sputnik / Амир ИсаевВступительные экзамены в вузы, архивное фото
Вступительные экзамены в вузы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази миллии тестии Тоҷикистон мегӯяд, агар довталабон пештар маҷбур буданд ду рӯз имтиҳон супоранд ҳамакнун он як рӯз шуд, ки он аз чор субтест иборат мебошад.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Маркази миллии тестии Тоҷикистон мегӯяд, барои довталабони соли 2020 сабукӣ эҷод кардаанд, ки онҳо акнун метавонанд ба ҷойи ду имтиҳон 1 то ва онро дар як рӯз супоранд.

Довталабон дар назди Маркази миллиии тестӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳим: Маркази миллии тестӣ имтиҳонро дар асоси тарҳи нав доир мекунад

Шодиён Абдулбосит Шодӣ, муовини директори Маркази миллии тестии ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошта, гуфт, қаблан довталабон барои ворид шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ду қисми имтиҳонҳоро месупориданд, ки мо дар тарҳи нав инро сабук кардем.

"Қаблан довталабон дар қисми а имтиҳоноти умуӣ, қисми б имтиҳони ихтисос месупориданд, ки ин ду қисм аз шаш субтест иборат буд ва он 7 фанро дар бар мегирифт. Бар асоси тарҳи нав мо барои чунин довталабон як қисмро пешбинӣ менамоем, ки он имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ номгузорӣ шуд",-афзуд Шодиён Абдулбосит.

Муовини директори ММТ гуфт, агар довталабон пештар маҷбур буданд ду рӯз имтиҳон супоранд ҳамакнун он як рӯз шуд, ки аз чор субтест иборат аст.

Абитуриент на вступительном экзамене, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ба Маркази миллии тестӣ шикоятҳои беасос ворид шудааст

Ба иттилои манбаъ, довталабон акнун бар иловаи се фанни ихтисосӣ танҳо забони модариро  месупоранд.

"Барои мисол агар довтабоне ки гурӯҳи ихтисосҳои якумро интихоб мекунанд аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физика имтиҳон месупоранду халос. Ҳамчунин дар ин тарҳ бартариҳои зиёд, аз қабили кам кардани муҳлати эълони натиҷаҳо аст",- изҳор дошт Шодиён

Номбурда мегӯяд дар хусуси тарҳи нав корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ гашта буд ва довталабон аз ин огоҳанд.

Лентаи хабарҳо
0