https://sputnik.tj/20210707/qirghiziston-hisorot-sohibkoron-arzyobi-1040704116.html
Қирғизистон хисороти соҳибкорон аз муноқиша бо Тоҷикистонро арзёбӣ кард
Қирғизистон хисороти соҳибкорон аз муноқиша бо Тоҷикистонро арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Қирғизистон ба соҳибкороне, ки дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон зарар дидаанд, ҷубронпулӣ пардохт мекунад 07.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-07T12:13+0500
2021-07-07T12:13+0500
2021-07-07T12:13+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
қирғизистон
хисорот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_f825b39bd1bf9675845cd8aa9944b198.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар натиҷаи низоъ дар марз бо Тоҷикистон соҳибкорони Қирғизистон 15 миллион доллар хисорот диданд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Айбек Ҷунушалиев. Ба гуфти вай, ба соҳибкороне, ки аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хисорот дидаанд, ҳамин ҷуброн пардохт карда мешавад. Ғайр аз ин, ба соҳибкорон қарзҳои бидуни фоиз дар ҳаҷми 200 ҳазор сом (2,5 ҳазор доллар) дода мешаванд. Таниши марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2021Вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28 апрел шиддат гирифт. Дар маркази тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша сар зад.Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бар ин боваранд, ки иншооти тақсимоти об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо то ҳол соҳибмулки он расман муайян нашудааст.Рӯзи дигар, 29 апрел, муноқиша байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт. Даргириҳо миёни марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон беш аз шаш соат идома кард.Рӯзи 30 апрел вазирони корҳои хориҷӣ ва сарвазирони ду кишвар музокироти фавқулода баргузор карданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ созиш ба даст омад, аммо рӯзи дигар тирпарронӣ дигарбора сар шуд.Рӯзи 2 май ҷонибҳо протоколи муштарак дар бораи муайянсозӣ ва аломатгузории сарҳадро ба имзо расониданд.То 3 май ҳарду ҷониб тамоми таҷҳизоти низомиро аз минтақаи даргирӣ бароварданд. Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд, 87 нафари дигар бо дараҷаҳои мухталиф ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода тир хӯрд.Ҷониби Қирғизистон аз 36 кушта ва тақрибан 200 маҷрӯҳ хабар дод.Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша мубаддал мегардад. Феълан вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20210605/jang-furukash-tashannuj-marz-tojikistonu-qirghiziston-1039995846.html
https://sputnik.tj/20210518/marz-tojikiston-qirghiziston-postgoh-polis-1039518509.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_060b3e293cb793f312a1fd4042e851d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, хисорот
Қирғизистон хисороти соҳибкорон аз муноқиша бо Тоҷикистонро арзёбӣ кард
Мақомоти Қирғизистон ба соҳибкороне, ки дар муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон зарар дидаанд, ҷубронпулӣ пардохт мекунад
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Дар натиҷаи низоъ дар марз бо Тоҷикистон соҳибкорони Қирғизистон 15 миллион доллар хисорот диданд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Айбек Ҷунушалиев.
"Қарор шуд, ки ҳисоботи пешниҳодкардаи мақомоти маҳаллӣ тасдиқ карда шавад. Тибқи маълумоти онҳо, ҳаҷми хисорот 1,3 миллиард сом (15,3 миллион доллар - таҳрир) ташкил дод", - гуфт муовини сарвазир.
Ба гуфти вай, ба соҳибкороне, ки аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хисорот дидаанд, ҳамин ҷуброн пардохт карда мешавад.
Ғайр аз ин, ба соҳибкорон қарзҳои бидуни фоиз дар ҳаҷми 200 ҳазор сом (2,5 ҳазор доллар) дода мешаванд.
Таниши марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 28 апрел шиддат гирифт. Дар маркази тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша сар зад.
Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бар ин боваранд, ки иншооти тақсимоти об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо то ҳол соҳибмулки он расман муайян нашудааст.
Рӯзи дигар, 29 апрел, муноқиша байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт. Даргириҳо миёни марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон беш аз шаш соат идома кард.
Рӯзи 30 апрел вазирони корҳои хориҷӣ ва сарвазирони ду кишвар музокироти фавқулода баргузор карданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ созиш ба даст омад, аммо рӯзи дигар тирпарронӣ дигарбора сар шуд.
Рӯзи 2 май ҷонибҳо протоколи муштарак дар бораи муайянсозӣ ва аломатгузории сарҳадро ба имзо расониданд.
То 3 май ҳарду ҷониб тамоми таҷҳизоти низомиро аз минтақаи даргирӣ бароварданд. Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд, 87 нафари дигар бо дараҷаҳои мухталиф ҷароҳат бардоштанд, аз ҷумла шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода тир хӯрд.
Ҷониби Қирғизистон аз 36 кушта ва тақрибан 200 маҷрӯҳ хабар дод.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша мубаддал мегардад. Феълан вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором арзёбӣ мешавад.