https://sputnik.tj/20210707/nigaroni-hukumat-niqob-bozor-naqliyot-dushanbe-1040735611.html
Нигаронии Ҳукумат аз бениқобҳо дар бозор, нақлиёт ва гулгаштҳо: назорат пурзӯр мешавад
Нигаронии Ҳукумат аз бениқобҳо дар бозор, нақлиёт ва гулгаштҳо: назорат пурзӯр мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдорӣ таъкид кард, ки дар Душанбе тадбирҳо бароия риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шавад
2021-07-07T21:30+0500
2021-07-07T21:30+0500
2021-07-07T21:35+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
нигаронӣ
душанбе
тандурустӣ
ниқоби сиёҳ
беҳдошт
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039139091_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_b5f22f86e27b3cf518de411c0c05d3d0.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Шаҳрдории Душанбе бо баргузории як ҷаласа вазъи феълии гирифторшавӣ ба COVID-19 - ро дар пойтахт баррасӣ карда, риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштиро мояи нигаронӣ хонд. Тибқи иттилои ҳукумати Душанбе, дар ҷаласа таъкид гардид, ки тадбирҳо барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шавад. Манбаъ аз қавли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид намуд, ки сабаби асосии бистаринамоии беморон дар беморхонаҳо, ин набастани ниқоб дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки боис ба паҳншавии беморӣ мегардад.Аз ҷумла зикр шуд, ки зимни наворбардорӣ дар Бозори Деҳқон маълум гардид, ки шумораи зиёди сокинон ба бозор бе ниқоб ворид мешаванд ва ҳамчунин аксарияти фурӯшандагони ин бозор низ бе ниқоб фаъолият менамоянд, ки боиси нигаронӣ аст.Шаҳрдории Душанбе таъкид намудааст, ки аз ин хотир корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавируси COVID-19 аз нав ба роҳ монда шаванду назорат пурзӯр карда шавад.Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 35 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуда, шумораи умумии сироятёфтагон ба 13 690 нафар расидааст.Шумораи шифоёфтагон дар шабонарӯзи ахир, 27 касро ташкил дода, дар умум аз ин вабо 13 437 кас халос шудаанд. Теъдоди фавтидагон аз аввали хуруҷи ин беморӣ расман 97 нафар гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20210707/marg-koronavirus-tojikiston-vazorat-omor-1040735295.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039139091_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_808f6451d1107184122398132fa2a8b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрдорӣ, ниқоб, бозор, нақлиёт
шаҳрдорӣ, ниқоб, бозор, нақлиёт
Нигаронии Ҳукумат аз бениқобҳо дар бозор, нақлиёт ва гулгаштҳо: назорат пурзӯр мешавад
21:30 07.07.2021 (Навсозишуда: 21:35 07.07.2021) Таъкид гардид, ки дар Душанбе тадбирҳо барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шавад
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Шаҳрдории Душанбе бо баргузории як ҷаласа вазъи феълии гирифторшавӣ ба COVID-19 - ро дар пойтахт баррасӣ карда, риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштиро мояи нигаронӣ хонд.
Тибқи иттилои ҳукумати Душанбе, дар ҷаласа таъкид гардид, ки тадбирҳо барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб бояд пурзӯр карда шавад.
"Давоми чанд рӯзи охир сокинону меҳмонони Душанбе нисбати саломатии худ ва атрофиён фориғбол гардида, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маконҳои серодам, бозору марказҳои савдо, боғу гулгашт ва нақлиёти ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намебаранд", - иттилоъ дод ҳукумати Душанбе.
Манбаъ аз қавли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид намуд, ки сабаби асосии бистаринамоии беморон дар беморхонаҳо, ин набастани ниқоб дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки боис ба паҳншавии беморӣ мегардад.
Аз ҷумла зикр шуд, ки зимни наворбардорӣ дар Бозори Деҳқон маълум гардид, ки шумораи зиёди сокинон ба бозор бе ниқоб ворид мешаванд ва ҳамчунин аксарияти фурӯшандагони ин бозор низ бе ниқоб фаъолият менамоянд, ки боиси нигаронӣ аст.
Шаҳрдории Душанбе таъкид намудааст, ки аз ин хотир корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавируси COVID-19 аз нав ба роҳ монда шаванду назорат пурзӯр карда шавад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 35 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шуда, шумораи умумии сироятёфтагон ба 13 690 нафар расидааст.
Шумораи шифоёфтагон дар шабонарӯзи ахир, 27 касро ташкил дода, дар умум аз ин вабо 13 437 кас халос шудаанд. Теъдоди фавтидагон аз аввали хуруҷи ин беморӣ расман 97 нафар гуфта мешавад.