Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Боз ду марг аз коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат омори навро нашр кард

© AP / Emrah GurelРаботники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ омори тозаи сироят, шифо ва марг аз коронавирусро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон афзоиш меёбад: вазорат таъйид кард, ки дар як шабонарӯзи ахир дар кишвар 2 тани дигар аз COVID-19 фавтиданд.
Ҳамин тавр, бино бар иттилои расмӣ, шумораи қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон дар мавҷи дувум 7 нафарро ташкил дода, дар умум 97 ҳолати фавт сабт шудааст.
Аммо тибқи иттилои расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар мавҷи дувуми коронавирус, аз 21 июн то имрӯз, 7 июл - ҳудуди 20 тан дар пайи гирифторӣ ба вируси корона ҷон додаанд.
Шумораи гирифторӣ низ рекорди нав гузоштааст, ки дар мавҷи дувум бесобиқа аст.
Подполковник Маъруф Ҳабибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Даҳ рӯз зери оксигенератор буд: даргузашти подполковник Маъруф Ҳабибов дар Панҷакент
Тибқи иттилои вазорат, як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 35 ҳолати бемори нави коронавирус ошкор шуда, шумораи умумии сироятёфтагон ба 13 690 нафар расидааст.
Шумораи шифоёфтагон дар шабонарӯзи ахир, 27 касро ташкил дода, дар умум аз ин вабои аср 13 437 кас халос шудаанд.
Ёдрас мешавем, имрӯз манобеи Sputnik Тоҷикистон аз даргузашти академик Карим Ҳайдар, асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ дар Душанбе ва подполковник Маъруф Ҳабибов дар Панҷакент дар пайи бемории коронавирус хабар доданд.
Ҳабиба Қурбонова, корманди собиқи телевизиони Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Зери асбоби нафасгирӣ буд: даргузашти Ҳабиба Қурбонова дар бемористони касалиҳои сироятӣ
Шоми 6 июл аз даргузашти собиқ корманди телевизиони Тоҷикистон ва муовини мудири нашриёти "Адиб" Ҳабиба Қурбонова аз бемории монанд ба коронавирус хабар дода шуд.
Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ аз даргузашти табиби машҳури дигар Хуршед Саидов, номзади илмҳои тиб аз коронавирус хабар доданд.
Лентаи хабарҳо
0