https://sputnik.tj/20210706/darguzasht-habiba-qurbonova-bemoristoni-kasalihoi-siroyati-1040696786.html
Зери асбоби нафасгирӣ буд: даргузашти Ҳабиба Қурбонова дар бемористони касалиҳои сироятӣ
Зери асбоби нафасгирӣ буд: даргузашти Ҳабиба Қурбонова дар бемористони касалиҳои сироятӣ
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ корманди телевизиони Тоҷикитсон ва нашриёти "Адиб" дар бемористони касалиҳои сироятӣ қарор дошт 06.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-06T22:05+0500
2021-07-06T22:05+0500
2021-07-07T17:42+0500
дар тоҷикистон
даргузашт
коронавирус
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/06/1040696750_0:187:1440:997_1920x0_80_0_0_6d3d9f90cda066182b92b465961294e7.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ҳабиба Қурбонова, корманди собиқи Телевизион даргузашт."Ҳамин лаҳза хабар расид, ки Ҳабиба Қурбонова, корманди собиқи Телевизиони Тоҷикистон, ки чанд соли ахир дар Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ ва ниҳоят дар нашриёти Адиб кор мекард, ҷонро ба Ҳақ таслим намуд", - хабар додааст рӯзноманигори тоҷик Раҷаб Мирзо дар Фейсбук.Ҳарчанд далели марги зан гуфта намешавад, зоҳиран Ҳабиба Қурбонова низ қурбони коронавирус гаштааст. Ҳабиба Қурбонова ҳамагӣ 47 сол дошт. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе, корманди собиқи телевизион, китобхонаи ба номи Лоҳутӣ. Ахиран вазифаи муовини директори нашриёти Адибро адо мекард. Соҳиби 2 фарзанд буд.Ёдрас мешавем, тибқи иттилои ғайрирасмӣ дар мавҷи дувуми ковид дар Тоҷикистон бештар аз 16 нафар дар пайи бемории коронавирус даргузаштанд. Тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ 5 нафар дар кишвар қурбони он шудаанд.Дар ҳамин ҳол, ахиран хабар дода шуд, ки хушдомани раисҷумҳури Тоҷикитсон Эмомалӣ Раҳмон Узбекбӣ Асадуллоева низ дар пайи бемории коронавирус даргузашт.Чанд чеҳраи маъруфи дигар, аз ҷумла вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир, Акбар Турсун, олими машҳури тоҷик низ гирифтори коронавирус будаанд.Пештар вазорат аз афзоиши рекордии коронавирус дар як шабонарӯзи ахир дар кишвар хабар дод.Тибқи он омор, шабонарӯзи гузашта 32 тан мубталои коронавирус шудаанд. Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 6 июл дар кишвар 13655 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13410 нафар (98,2%) шифо ёфтаанд.
https://sputnik.tj/20210705/motam-dar-honavodai-prezident-modararusi-emomali-rahmon-darguzasht-1040666191.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/06/1040696750_0:52:1440:1132_1920x0_80_0_0_492c5a6413bdbe2c365fcbc925d17c7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, даргузашт, коронавирус
дар тоҷикистон, даргузашт, коронавирус
Зери асбоби нафасгирӣ буд: даргузашти Ҳабиба Қурбонова дар бемористони касалиҳои сироятӣ
22:05 06.07.2021 (Навсозишуда: 17:42 07.07.2021) Собиқ корманди телевизиони Тоҷикитсон ва нашриёти "Адиб" дар бемористони касалиҳои сироятӣ қарор дошт
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ҳабиба Қурбонова, корманди собиқи Телевизион даргузашт.
"Ҳамин лаҳза хабар расид, ки Ҳабиба Қурбонова, корманди собиқи Телевизиони Тоҷикистон, ки чанд соли ахир дар Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ ва ниҳоят дар нашриёти Адиб кор мекард, ҷонро ба Ҳақ таслим намуд", - хабар додааст рӯзноманигори тоҷик Раҷаб Мирзо дар Фейсбук.
Ҳарчанд далели марги зан гуфта намешавад, зоҳиран Ҳабиба Қурбонова низ қурбони коронавирус гаштааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ дар бемористони касалиҳои сироятӣ хоб буд ва чанд рӯзи ахир зери асбоби нафасгирии сунъӣ қарор дошт.
Ҳабиба Қурбонова ҳамагӣ 47 сол дошт. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе, корманди собиқи телевизион, китобхонаи ба номи Лоҳутӣ.
Ахиран вазифаи муовини директори нашриёти Адибро адо мекард. Соҳиби 2 фарзанд буд.
Ёдрас мешавем, тибқи иттилои ғайрирасмӣ дар мавҷи дувуми ковид дар Тоҷикистон бештар аз 16 нафар дар пайи бемории коронавирус даргузаштанд. Тибқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ 5 нафар дар кишвар қурбони он шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ахиран хабар дода шуд, ки хушдомани раисҷумҳури Тоҷикитсон Эмомалӣ Раҳмон Узбекбӣ Асадуллоева низ дар пайи бемории коронавирус даргузашт.
Чанд чеҳраи маъруфи дигар, аз ҷумла вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир, Акбар Турсун, олими машҳури тоҷик низ гирифтори коронавирус будаанд.
Пештар вазорат аз афзоиши рекордии коронавирус дар як шабонарӯзи ахир дар кишвар хабар дод.
Тибқи он омор, шабонарӯзи гузашта 32 тан мубталои коронавирус шудаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 6 июл дар кишвар 13655 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13410 нафар (98,2%) шифо ёфтаанд.