https://sputnik.tj/20210707/kormandoni-sberbank-garavgon-1040706305.html
Кормандони "Сбербанк"-ро гаравгон гирифтанд - навор
Кормандони "Сбербанк"-ро гаравгон гирифтанд - навор
Sputnik Тоҷикистон
Марди ҷинояткорро аллакай боздошт кардаанд
2021-07-07T13:03+0500
2021-07-07T13:03+0500
2021-07-07T18:37+0500
бонк
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102533/16/1025331614_0:0:7952:4473_1920x0_80_0_0_d096b57a654877ce225cba091ab355f9.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Се кормандони яке аз "Сбербанк"-ҳои шаҳри Тюмени Русияро гаравгон гирифтанд, хабар медиҳад РИА Новости. Иттилоъро ВКД Русия низ тасдиқ кардааст.Ҷинояткор бо дастгоҳи таркандаи худсоз таҳдид карда, 15 миллион рубл талаб намудааст. Феълан танҳо маълум аст, ки гаравгонҳо кормандони бонк мебошанд.Кормандони пулис биноро иҳота кардаанд, ҳаракати мошинҳо дар кӯчаи назди бино боздошта шудааст. Аз манзиле, ки дар бинои якуми он бонк ҷойгир аст, 50 нафарро кӯчонидаанд.Бино бар иттилои расонаҳо, мард ҳудудан соатҳои 7:20, бо вақти Маскав вориди бонк шудааст ва ба борхалтааш ишора карда гуфтааст, ки дастгоҳи мунфаҷира дорад ва агар пул надиҳанд, онро метарконад.Кормандони бонк бо мард гуфтушунид карда, қисме аз кормандон ва мизоҷони бонкро сар додаанд.Ба ҷои ҳодиса Руслан Кухарук, шаҳрдори Тюме низ ҳозир шудааст.Аз "Сбербанк" ба РИА Новости гуфтанд, ки бо мақомоти пулис барои ҳалли ин қазия дар иртибот ҳастанд.Бино бар иттилои расонаҳо, мард баъди гирифтани 15 миллион рубл, шарти нав гузоштааст -кормандони пулис аз бино дур шаванд ва ба ӯ халал нарасонанд. Аммо пулис ӯро дастгир кардааст. Дар рафти амалиёт касе осеб надидааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102533/16/1025331614_994:0:6958:4473_1920x0_80_0_0_2008b2acd5873ecc14d7ecef053e3554.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонк ҷинояткор
Кормандони "Сбербанк"-ро гаравгон гирифтанд - навор
13:03 07.07.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Аз манзиле, ки дар табақи якумаш бонк ҷойгир аст, сокинонро кӯчониданд
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Се кормандони яке аз "Сбербанк"-ҳои шаҳри Тюмени Русияро гаравгон гирифтанд, хабар медиҳад РИА Новости. Иттилоъро ВКД Русия низ тасдиқ кардааст.
Ҷинояткор бо дастгоҳи таркандаи худсоз таҳдид карда, 15 миллион рубл талаб намудааст. Феълан танҳо маълум аст, ки гаравгонҳо кормандони бонк мебошанд.
Кормандони пулис биноро иҳота кардаанд, ҳаракати мошинҳо дар кӯчаи назди бино боздошта шудааст. Аз манзиле, ки дар бинои якуми он бонк ҷойгир аст, 50 нафарро кӯчонидаанд.
Бино бар иттилои расонаҳо, мард ҳудудан соатҳои 7:20, бо вақти Маскав вориди бонк шудааст ва ба борхалтааш ишора карда гуфтааст, ки дастгоҳи мунфаҷира дорад ва агар пул надиҳанд, онро метарконад.
Кормандони бонк бо мард гуфтушунид карда, қисме аз кормандон ва мизоҷони бонкро сар додаанд.
Ба ҷои ҳодиса Руслан Кухарук, шаҳрдори Тюме низ ҳозир шудааст.
Аз "Сбербанк" ба РИА Новости гуфтанд, ки бо мақомоти пулис барои ҳалли ин қазия дар иртибот ҳастанд.
Бино бар иттилои расонаҳо, мард баъди гирифтани 15 миллион рубл, шарти нав гузоштааст -кормандони пулис аз бино дур шаванд ва ба ӯ халал нарасонанд.
Аммо пулис ӯро дастгир кардааст. Дар рафти амалиёт касе осеб надидааст.