Тарроҳ Матлуба Ниёзова мақоми нав гирифт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанФестиваль "Таджикский атлас и адрас 2020" во дворце Арбоб
Фестиваль Таджикский атлас и адрас 2020 во дворце Арбоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Обуна шудан
Модели тарроҳ Матлуба Ниёзова мақоми “Маликаи ҷилваи рангҳо” соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Дар Амфитетари шаҳри Душанбе даври сеюми Фестивали ҷумҳуриявии “Ҷилваи рангҳо” ҷамъбаст гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки беҳтарин иштирокчиёни фестивал аз тарафи Кумитаи тадорукот бо диплому сипосномаҳо ва ташаббускороне, ки дар баргузории фестивал саҳмгузорӣ намуданд, бо “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо занон ва оила қадрдонӣ карда шуданд.
Гуфта шудааст, ки аз шаҳри Хуҷанд тарроҳ Матлуба Ниёзова дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, мақоми “Маликаи ҷилваи рангҳо” соҳиб шуд.
Фестивали мазкур бо мақсади гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ, эҳтиром ба либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, бедор намудани завқи баланди аҳолӣ ба маданияти либоспӯшӣ доир шуд.
В Душанбе открылась Неделя высокой моды Tajikistan Fashion Week - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2021
Душанбе мизбони ҳафтаи мӯд шуд: 9 тарроҳи тоҷик маҳсули заҳмати худро ба намоиш гузоштанд
Манбаъ қайд кардааст, ки Фестивал бо фарогирии намояндагони тамоми манотиқи Тоҷикистон дар 3 давр сурат гирифт.
Даври якум бо муайян намудани беҳтарин тарроҳон, дӯзандагон, эҷодкорон, рассомон аз маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраку ҷамоатҳо дар сатҳи ноҳия ва шаҳр, даври дуюм дар сатҳи шаҳри Душанбе ва вилоятҳо, даври сеюм бошад, дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Фестивал аз рӯи 6 номинатсия — намоиши либосҳои кӯдакон ва наврасон; намоиши либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ ва хоси корвони шодбошӣ (карнавалӣ); намоиши либосҳои рӯзмарраи духтарон, бонувон, ҷавонписарону мардон; намоиши либосҳои маросимӣ ва идона; намоиши либосҳои расмӣ (протоколӣ); намоиши либосҳои арӯсии миллӣ ва муосир баргузор гардид.
Лентаи хабарҳо
0