https://sputnik.tj/20210403/Dushanbe-mizboni-hafta-mud-1033127609.html
Душанбе мизбони ҳафтаи мӯд шуд: 9 тарроҳи тоҷик маҳсули заҳмати худро ба намоиш гузоштанд
Душанбе мизбони ҳафтаи мӯд шуд: 9 тарроҳи тоҷик маҳсули заҳмати худро ба намоиш гузоштанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Ҳафтаи байналмилалии мӯд Tajikistan fashion week-2021 тарроҳони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Украина ва Аморати... 03.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-03T14:58+0500
2021-04-03T14:58+0500
2021-04-06T14:57+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102500/51/1025005130_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_3935c936f0e6c3943386773d373e243d.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Тоҷикистон бори чорум аст, ки мизбони ҳафтаи мӯд мешавад. Ин чорабинӣ рӯзи 2 апрел дар Душанбе шурӯъ ба кор намуд то 4 апред идома хоҳад ёфт.Ҳафтаи байналмилалии мӯд -"Tajikistan fashion week-2021" дар меҳмонхонаи Hyatt Rejency Dushanbe оғоз ёфт ва дар баробари тарроҳони хориҷӣ 9 нафар тарроҳи ватанӣ низ иштирок мекунанд.Аз ҷумла, Умед Кучкалиев "UMED KUCHKALIEV", Фарангис Азимова "FARA AZI", Садбарг Мирраҳимӣ, Сулҳия Ғуломова, Нафиса Имронова "ZHIWJ", Адолат Абдуҳалимзода "MAKKE EENN", Шабнам Иброҳим, Ирода ва Ситора Солиҳоваҳо намунаҳои тарроҳии худро пешкаши иштирокдорон гардониданд.Ин ҳамоиши фарҳангӣ бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва ташаббуси иттиҳодияи эҷодии "Т&Z" созмон дода шуд.Агентии Ховар менависад, дар маросими ифтитоҳи он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, тарроҳони машҳури кишварҳои хориҷӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.Дар қатори тарроҳони ватанӣ инчунин тарроҳон аз Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва Аморати Муттаҳидаи Араб коллексияҳои худро пешниҳоди ҳаводорони олами мӯд мегардонанд.Ҳафтаи мӯд ҳамчун таҷрибаи пешқадами соҳа дар аксари кишварҳои хориҷӣ эътироф гардидааст.Ёдовар мешавем, соли чорум аст, ки дар Тоҷикистон Ҳафтаи мӯд ташкил карда мешавад.
https://sputnik.tj/20200225/Dushanbe-Chakan-fashion-show-barguzor-meshavad-1030768476.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
В Душанбе открылась Неделя высокой моды Tajikistan Fashion Week
Sputnik Тоҷикистон
В Душанбе открылась Неделя высокой моды Tajikistan Fashion Week
2021-04-03T14:58+0500
true
PT1M49S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102500/51/1025005130_185:0:1625:1080_1920x0_80_0_0_10bc1e988c3792ef24e20ba36942e3cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, фарҳанг
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, фарҳанг
Душанбе мизбони ҳафтаи мӯд шуд: 9 тарроҳи тоҷик маҳсули заҳмати худро ба намоиш гузоштанд
14:58 03.04.2021 (Навсозишуда: 14:57 06.04.2021) Дар Ҳафтаи байналмилалии мӯд Tajikistan fashion week-2021 тарроҳони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Украина ва Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат менамоянд
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Тоҷикистон бори чорум аст, ки мизбони ҳафтаи мӯд мешавад. Ин чорабинӣ рӯзи 2 апрел дар Душанбе шурӯъ ба кор намуд то 4 апред идома хоҳад ёфт.
Ҳафтаи байналмилалии мӯд -"Tajikistan fashion week-2021" дар меҳмонхонаи Hyatt Rejency Dushanbe оғоз ёфт ва дар баробари тарроҳони хориҷӣ 9 нафар тарроҳи ватанӣ низ иштирок мекунанд.
Аз ҷумла, Умед Кучкалиев "UMED KUCHKALIEV", Фарангис Азимова "FARA AZI", Садбарг Мирраҳимӣ, Сулҳия Ғуломова, Нафиса Имронова "ZHIWJ", Адолат Абдуҳалимзода "MAKKE EENN", Шабнам Иброҳим, Ирода ва Ситора Солиҳоваҳо намунаҳои тарроҳии худро пешкаши иштирокдорон гардониданд.
Ин ҳамоиши фарҳангӣ бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва ташаббуси иттиҳодияи эҷодии "Т&Z" созмон дода шуд.
Агентии Ховар менависад, дар маросими ифтитоҳи он намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, тарроҳони машҳури кишварҳои хориҷӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар қатори тарроҳони ватанӣ инчунин тарроҳон аз Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва Аморати Муттаҳидаи Араб коллексияҳои худро пешниҳоди ҳаводорони олами мӯд мегардонанд.
Ҳафтаи мӯд ҳамчун таҷрибаи пешқадами соҳа дар аксари кишварҳои хориҷӣ эътироф гардидааст.
Ёдовар мешавем, соли чорум аст, ки дар Тоҷикистон Ҳафтаи мӯд ташкил карда мешавад.