https://sputnik.tj/20210706/ruzi-6-iul-dar-tarih-1040637436.html
Зодрӯзи Қудратулло Мираков: рӯзи 6 июл дар таърих
Зодрӯзи Қудратулло Мираков: рӯзи 6 июл дар таърих
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи шашуми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия дониста мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Қазоқистон аз Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад 06.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-06T06:00+0500
2021-07-06T06:00+0500
2021-07-06T10:26+0500
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
ҷашн
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/68/1031506814_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_366c476f8faf1f7c622f968ee2a4eeda.png
Рӯзи 6 июл дар ҷаҳон чӣ рух додСоли 1942 Аргентина дар бораи бетарафии худ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон хабар дод.Соли 1945 Никарагуа дар ҷаҳон аввалин мамлакате гардид, ки Хартияи СММ-ро тасдиқ намуд.Соли 1992 Созишномаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "Дар бораи воситаҳои огоҳкунанда оид ба ҳамлаи ракетавӣ ва идораи фазои кайҳонӣ" ба имзо расид.Соли 1863 дар Франсия калонтарин бонк бо номи "Credit Lyonnais" ба истифода дода шуд.Рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон чӣ рух додСоли 2004 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хишти аввали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузошта шуд.Соли 2004 бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ва ноиби вақти Раиси Ҳукумати Интиқолии Исломии Афғонистон Неъматулло Шаҳронӣ дар болои дарёи Панҷ дуюмин пул ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайваст намуд.Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон ва ёвари вақти Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико, аз ҷумла, рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсияро, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, баррасӣ намуданд.Соли 2015 зимни гуфтугӯи телефонии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ибрози умед карда шуд, ки иртиботи дӯстона ва бисёр хуби ду кишвар дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.Соли 2012 ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" аввалин парвози ҳавопаймояшро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе роҳандозӣ кард.6 июли соли 2018 масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии "Маркази байналмилалии молиявии Остона" иштирок карданд.Ҷашнҳои рӯзи 6 июлРӯзи 6 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадаастСолҳои (1905-1976) - ходими давлатӣ Муҳаммадалӣ Қурбонов.Соли 1953 – рӯзноманигор Давлат Султонов.Соли 1953 – олим, муҳандис Кудратулло Мираков.
https://sputnik.tj/20210704/ruzi-4-iul-dar-tarih-1040579795.html
https://sputnik.tj/20210703/ruzi-3-iul-dar-tarih-1040579368.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/68/1031506814_454:0:3185:2048_1920x0_80_0_0_d7c64d0367293f8f3b291858bda9d6cf.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷашн, ҷаҳон, таърих
Зодрӯзи Қудратулло Мираков: рӯзи 6 июл дар таърих
06:00 06.07.2021 (Навсозишуда: 10:26 06.07.2021) Рӯзи шашуми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия дониста мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Қазоқистон аз Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад
Рӯзи 6 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1942 Аргентина дар бораи бетарафии худ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон хабар дод.
Соли 1945 Никарагуа дар ҷаҳон аввалин мамлакате гардид, ки Хартияи СММ-ро тасдиқ намуд.
Соли 1992 Созишномаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "Дар бораи воситаҳои огоҳкунанда оид ба ҳамлаи ракетавӣ ва идораи фазои кайҳонӣ" ба имзо расид.
Соли 1863 дар Франсия калонтарин бонк бо номи "Credit Lyonnais" ба истифода дода шуд.
Рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2004 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хишти аввали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузошта шуд.
Соли 2004 бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ва ноиби вақти Раиси Ҳукумати Интиқолии Исломии Афғонистон Неъматулло Шаҳронӣ дар болои дарёи Панҷ дуюмин пул ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайваст намуд.
Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон ва ёвари вақти Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико, аз ҷумла, рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсияро, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, баррасӣ намуданд.
Соли 2015 зимни гуфтугӯи телефонии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ибрози умед карда шуд, ки иртиботи дӯстона ва бисёр хуби ду кишвар дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.
Соли 2012 ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" аввалин парвози ҳавопаймояшро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе роҳандозӣ кард.
6 июли соли 2018 масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии "Маркази байналмилалии молиявии Остона" иштирок карданд.
Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия.
Дар Қазоқистон — Рӯзи пойтахт.
Рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Солҳои (1905-1976) - ходими давлатӣ Муҳаммадалӣ Қурбонов.
Соли 1953 – рӯзноманигор Давлат Султонов.
Соли 1953 – олим, муҳандис Кудратулло Мираков.