https://sputnik.tj/20210703/ruzi-3-iul-dar-tarih-1040579368.html
Зодрӯзи Давлаталӣ Саидов: рӯзи 3 июл дар таърих
Зодрӯзи Давлаталӣ Саидов: рӯзи 3 июл дар таърих
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи сеюми июл Дар Русия ва ИДМ — Рӯзи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ буда, дар Беларус ва Алҷазоир – Рӯзи Истиқлолият таҷлил мешавад
2021-07-03T06:00+0500
2021-07-03T06:00+0500
2021-07-03T06:00+0500
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
ҷашн
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/67/1031506710_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_3cd213ec51570208361997cc6e62b626.png
Рӯзи 3 июл дар ҷаҳон чӣ рух додСоли 1863 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Филиппин қариб 1000 нафар ба ҳалокат расиданд.Соли 1880 кишварҳои пешбари Аврупо ва ИМА Конвенсия дар бораи эълон намудани Истиқлолияти Марокашро имзо намуданд.Соли 1886 муҳандиси немис Карл Фридрих Бенс аввалин маротиба дар ҷаҳон мошини ихтироънамудаи худро ба намоиш гузошт.Соли 1915 дар Туркия аввалин маротиба пули коғазӣ ба муомилот бароварда шуд.Соли 1928 аввалин телевизор ба фурӯш бароварда шуд, ки 75 доллари амрикоӣ арзиш дошт.Соли 1936 Бозрасии давлатии автомобилии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд.Соли 2007 дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҳамчун макони баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ қабул гардид.Рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон чӣ рух додСоли 1940 - дар Душанбе корхонаи гӯштбарорӣ (Мясокомбинат) таъсис ёфт.Соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро тасдиқ намуд, ки он бекор кардани ҳукми қатл барои занонро дар бар мегирифт.Соли 2006 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Маркази бемориҳои саратоншиносӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ" ва "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ"-ро имзо кард.Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар фазои созанда ва дӯстона сарони ду кишвар оид ба вазъи кунунӣ, дурнамо ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мушаххас бо таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор намуданд.Соли 2014 дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency Dushanbe" Бизнес-форуми дурӯзаи доираи соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.Ҷашнҳои рӯзи 3 июлРӯзи 3 июл кӣ ба дунё омадаастСоли 1518 — Ли Шичжэн (даргузашт 1593), пизишки машҳури Чин.Соли 1883 — Франтс Кафка (даргузашт 1924), философи лаҳистонӣ, нависандаи олмонизабон.Соли 1906 — Ҷорҷ Сандерс (даргузашт 1972), ҳунарманди бритонӣ, дорандаи ҷоизаи "Оскар".Соли 1955 — Ирина Моисеева, варзишкори шӯравӣ (рақс дар рӯи ях), қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва Урупо.Соли 1962 — Том Круз, ҳунарманди амрикоӣ, коргардон, продюсер, дорандаи ҷоизаи "Золотой глобус".Рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадаастСоли 1905 – корманди давлатӣ ва ҳарбӣ Раҷабалӣ Ҷалилов.Соли 1940 – журналист Раҷаб Мардонов.Соли 1941 – ҳунарманди балет, ҳунарпешаи халҷии Тоҷикистон, номзади мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Музаффар Бурҳонов. Соли 1952 – ҳунарманди театр, корманди шоистаи Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов.Соли 1953 – композитор Константин Тушинок.Соли 1954 – доктор илмҳои философӣ, адабиётшинос, Умриниссо Казакова.Соли 1970 – Давлаталӣ Саидов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон.Рӯзи 3 июл кӣ вафот кардаастСоли 1642 — Мария Медичи (соли таваллудаш 1573), маликаи Фаронса (1600—1610).Соли 1969 — Брайан Ҷонс (соли таваллудаш 1942), гиторнавози The Rolling Stones.
https://sputnik.tj/20210701/-ruzi-1-iul-dar-tarih-1040552817.html
https://sputnik.tj/20210630/30-iun-dar-tarih-1040527869.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103150/67/1031506710_454:0:3185:2048_1920x0_80_0_0_3f933b81a06a02e2eaf7cb732db18c10.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷашн, ҷаҳон, тоҷикистон, таърих
ҷашн, ҷаҳон, тоҷикистон, таърих
Зодрӯзи Давлаталӣ Саидов: рӯзи 3 июл дар таърих
Рӯзи сеюми июл Дар Русия ва ИДМ — Рӯзи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ буда, дар Беларус ва Алҷазоир – Рӯзи Истиқлолият таҷлил мешавад
Рӯзи 3 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1863 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Филиппин қариб 1000 нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1880 кишварҳои пешбари Аврупо ва ИМА Конвенсия дар бораи эълон намудани Истиқлолияти Марокашро имзо намуданд.
Соли 1886 муҳандиси немис Карл Фридрих Бенс аввалин маротиба дар ҷаҳон мошини ихтироънамудаи худро ба намоиш гузошт.
Соли 1915 дар Туркия аввалин маротиба пули коғазӣ ба муомилот бароварда шуд.
Соли 1928 аввалин телевизор ба фурӯш бароварда шуд, ки 75 доллари амрикоӣ арзиш дошт.
Соли 1936 Бозрасии давлатии автомобилии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд.
Соли 2007 дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҳамчун макони баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ қабул гардид.
Рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1940 - дар Душанбе корхонаи гӯштбарорӣ (Мясокомбинат) таъсис ёфт.
Соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро тасдиқ намуд, ки он бекор кардани ҳукми қатл барои занонро дар бар мегирифт.
Соли 2006 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Маркази бемориҳои саратоншиносӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ" ва "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ"-ро имзо кард.
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар фазои созанда ва дӯстона сарони ду кишвар оид ба вазъи кунунӣ, дурнамо ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мушаххас бо таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Соли 2014 дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency Dushanbe" Бизнес-форуми дурӯзаи доираи соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.
Дар Русия ва ИДМ — Рӯзи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ.
Дар Белорус – Рӯзи Истиқлолият.
Дар Озарбойҷон — Рӯзи ҷумҳурӣ.
Дар Алҷазоир – Рӯзи Истиқлолият.
Рӯзи 3 июл кӣ ба дунё омадааст
Соли 1518 — Ли Шичжэн (даргузашт 1593), пизишки машҳури Чин.
Соли 1883 — Франтс Кафка (даргузашт 1924), философи лаҳистонӣ, нависандаи олмонизабон.
Соли 1906 — Ҷорҷ Сандерс (даргузашт 1972), ҳунарманди бритонӣ, дорандаи ҷоизаи "Оскар".
Соли 1955 — Ирина Моисеева, варзишкори шӯравӣ (рақс дар рӯи ях), қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва Урупо.
Соли 1962 — Том Круз, ҳунарманди амрикоӣ, коргардон, продюсер, дорандаи ҷоизаи "Золотой глобус".
Рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1905 – корманди давлатӣ ва ҳарбӣ Раҷабалӣ Ҷалилов.
Соли 1940 – журналист Раҷаб Мардонов.
Соли 1941 – ҳунарманди балет, ҳунарпешаи халҷии Тоҷикистон, номзади мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Музаффар Бурҳонов.
Соли 1952 – ҳунарманди театр, корманди шоистаи Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов.
Соли 1953 – композитор Константин Тушинок.
Соли 1954 – доктор илмҳои философӣ, адабиётшинос, Умриниссо Казакова.
Соли 1970 – Давлаталӣ Саидов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон.
Рӯзи 3 июл кӣ вафот кардааст
Соли 1642 — Мария Медичи (соли таваллудаш 1573), маликаи Фаронса (1600—1610).
Соли 1969 — Брайан Ҷонс (соли таваллудаш 1942), гиторнавози The Rolling Stones.