Қодиров номзадии худро ба маснади раҳбари Чеченистон пешбарӣ кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Обуна шудан
Қодиров аз соли 2007 инҷониб Чеченистонро раҳбарӣ мекунад. Интихоботи охирини раисҷумҳур 18 сентябри соли 2016 баргузор шуда буд, ки дар он Қодиров 97,56% овозҳоро ба даст овард.
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Раҳбари кунунии Чеченистон Рамазон Қодиров номзадии худро барои ширкат дар интихоботи сарвари ҷумҳурӣ расман пешбарӣ кардааст, хабар медиҳад комиссияи интихоботии минтақа.
Шӯъбаи минтақавии ҳизби "Русияи воҳид" дар Чеченистон рӯзи 26 июн Қодировро ҳамчун номзад ба мақоми раҳбари минтақа дар интихоботи оянда пешбарӣ кард.

"Имрӯз, 6 июл, дар интихоботи раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон, ки 19 сентябри соли 2021 таъин шуда буд, сарвари кунунии кишвар, Қаҳрамони Русия Рамазон Аҳмадович Қодиров пешбарӣ карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Комиссияи интихоботӣ тавзеҳ дод, ки муҳлати пешбарии номзадҳо ба мансаби роҳбари Чеченистон 8 июл ба поён мерасад. Номзадҳои пешбаришаванда на дертар аз соати шаши бегоҳи 4 август бояд барои сабти ном ба Комиссияи интихоботии Чеченистон ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод кунанд.
Глава Чечни Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Даромади Рамазон Қодиров дар ду сол 50 маротиба зиёд шудааст
Рӯзи 23 июн президенти Русия Владимир Путин зимни як мулоқоти видеоконференсия пешниҳод кард, ки Қодиров барои муҳлати дигар ба мансаби раёсатҷумҳур пешбарӣ шавад. Худи ҳамон рӯз Конгресси ҷаҳонии халқҳои Чеченистон аз Қодиров даъват намуд, ки номзадиашро ба маснади президентӣ пешбарӣ кунад.
Қодиров аз соли 2007 инҷониб Чеченистонро раҳбарӣ мекунад. Интихоботи охирини раҳбари Чеченистон 18 сентябри соли 2016 баргузор шуда буд, ки дар он кишвардори кунунӣ - 97,56% овозҳоро ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0