Дар Камчатка ҳавопаймои мусофирбар бо 20 сарнишин нопадид шуд

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузариш ба медиабонкВоенно-транспортный самолет Ан-26
Военно-транспортный самолет Ан-26 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Обуна шудан
Ҳавопаймо бо 20 нафар сарнишин, ки аз Петропавловски-Камчатка самти Палан парвоз дошт, нопадид шуд
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Тамос бо ҳавопаймои Ан - 26, ки самти Палан парвоз дошт, канда шуд, менависад РИА Новости бо такя ба котиботи ҳукумати ин минтақа.
Дар Вазорати ҳолатҳои фавқулода изҳор доштанд, ки ҳавопаймо бо 20 сарнишин парвоз кард ва феълан ширкати "Камчатские авиалинии" суқути онро тасдиқ накардааст.
Маълум аст, ки дар ҳавопаймо 6 нафар ҳайати экипаж ва боқимонда ҳама мусофирон қарор доштанд. Ҳамчунин миёни мусофирон як кӯдак низ ҳаст.
На месте крушения Boeing-737-800 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Суқути ҳавопаймо бо 85 сарнишин дар Филиппин
Тибқи иттилои вазорати нақлиёти минтақа, экипаж дар вақти муайяншуда ба тамос набаромад ва ҳавопаймо аз радар нопадид шудааст.
Илова бар ин, маълум аст, ки тамоми хадамоти оперативӣ дар ҷараён гузошта шуданд ва ҷустуҷӯи ҳавопаймо идома дорад.
Ҳоло минтақаро, ки ҳавопаймои Ан-26 нопадид шудааст, ду чархбол ва як ҳавопаймои махсус таҳқиқ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0