https://sputnik.tj/20210704/suquti-havopaymo-bo-85-sarnishin-dar-filippin-1040634213.html
Суқути ҳавопаймо бо 85 сарнишин дар Филиппин
Суқути ҳавопаймо бо 85 сарнишин дар Филиппин
Sputnik Тоҷикистон
Феълан маълум гардид, ки дар ин ҳодисаи нохуш 17 нафар аз сарнишинҳои ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд
2021-07-04T14:00+0500
2021-07-04T14:00+0500
2021-07-04T14:00+0500
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳавопаймо
филиппин
суқут
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101898/48/1018984889_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_4fb91066d340afd316bb8193349fa720.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Рӯзи якшанбе дар ноҳияи Сулуи Филиппин ҳавопаймои низомӣ суқут кард, менависад РИА Новости.Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймо соати 11:30 дақиқа суқут кард. Садама дар ҳоле рух дод, ки ҳавопаймо зимни фурӯд омадан аз хати нишаст берун рафт ва ба дарахт бархӯрду оташ гирифт.Манбаъ меафзояд, ба оташнишонон даст омад, ки ҷони 40 сарнишинро нафот диҳанд ва феълан ҳамаи онҳо дар бемористон қарор доранд.Ҳоло аз марги 17 нафар маълум аст.Қаблан хабар дода шуд, ки дохили ҳавопаймо 92 сарнишин бо шумули се халабон ва 5 ҳайати экипаж қарор доштанд. Аммо баъдан маълум гардид, ки ҳавопаймо бо 85 мусофир парвоз дошт.Гуфта мешавад, корҳои ҷустуҷӯӣ дар макони ҳодиса ҳамоно идома дорад.Маврид ба зикр аст, ки ин дуввумин ҳавопаймо аст, ки аз ҳисоби маблағгузории ҳарбӣ аз ИМА харидорӣ шуда буд.
филиппин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101898/48/1018984889_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_8865c981978faee0db820b980f570e82.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
филиппин ҳавопаймо суқут
Суқути ҳавопаймо бо 85 сарнишин дар Филиппин
Феълан маълум гардид, ки дар ин ҳодисаи нохуш 17 нафар аз сарнишинҳои ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Рӯзи якшанбе дар ноҳияи Сулуи Филиппин ҳавопаймои низомӣ суқут кард, менависад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймо соати 11:30 дақиқа суқут кард. Садама дар ҳоле рух дод, ки ҳавопаймо зимни фурӯд омадан аз хати нишаст берун рафт ва ба дарахт бархӯрду оташ гирифт.
Манбаъ меафзояд, ба оташнишонон даст омад, ки ҷони 40 сарнишинро нафот диҳанд ва феълан ҳамаи онҳо дар бемористон қарор доранд.
Ҳоло аз марги 17 нафар маълум аст.
Қаблан хабар дода шуд, ки дохили ҳавопаймо 92 сарнишин бо шумули се халабон ва 5 ҳайати экипаж қарор доштанд. Аммо баъдан маълум гардид, ки ҳавопаймо бо 85 мусофир парвоз дошт.
Гуфта мешавад, корҳои ҷустуҷӯӣ дар макони ҳодиса ҳамоно идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин дуввумин ҳавопаймо аст, ки аз ҳисоби маблағгузории ҳарбӣ аз ИМА харидорӣ шуда буд.