https://sputnik.tj/20210706/hirot-du-vulusvoli-tolibon-suqut-1040673152.html
Акнун навбат ба Ҳирот расид: боз ду вулусволии дигар ба дасти Толибон суқут кард
Акнун навбат ба Ҳирот расид: боз ду вулусволии дигар ба дасти Толибон суқут кард
Sputnik Тоҷикистон
Манобеи амниятӣ дар вилояти Ҳирот таъид кардаанд, ки нерӯҳои амниятӣ аз марказ вулусволии Чашт ақибнишинӣ карданд
2021-07-06T11:20+0500
2021-07-06T11:20+0500
2021-07-06T11:20+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
шаҳр
афғонистон
толибон
навоҳӣ
суқут
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040644685_0:317:3077:2048_1920x0_80_0_0_acd695b52b48fb7d483691cf038b464f.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Вулусволиҳои Чашт ва Ғурёни Ҳирот ба дасти Толибон суқут кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон, дар истинод ба манобеи амниятӣ. Дар айни ҳол, дафтари расонаҳои вилоят Ҳирот бо нашри хабарномае таъйид мекунад, ки нерӯҳои амниятии марказ аз вулусволии Чашт ақибнишинӣ кардаанд. Қориюсуф Аҳмадӣ сухангӯи Толибон низ иддао карда аст, ки маркази вулусволии Ғурёни вилояти Ҳирот ба дасти Толибон афтидааст. Ӯ навиштааст, ки “маркази ин вулусволӣ бо тамоми мулҳиқоти он ба гунаи комил таҳти контроли муҷоҳиддин дарома. Низомиён аслиҳаи худро бар замин гузошта ва бо муҷоҳиддин якҷо шуданд”. Ёдрас мешавем, ки яанде пеш дар пайи суқути 6 вулусволии Бадахшони Афғонистон беш аз ҳазор низомии он кишвар барои наҷоти ҷони худ ба қаламрави Тоҷикистон гузаштандМаркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар додааст, ки шаби 4 ба 5-уми июли соли 2021 қувваҳои ҳаракати “Толибон” вулусволиҳои Хоҳон, Шикай, Нусай, Моҳимай, Шуғнон ва Султон-Ишкошими вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон дар минтақаи мазкур 910 километр сарҳади умумӣ доранд, пурра таҳти назорати худ қарор доданд.Манбаъ таъкид доштааст, ки дар муқовиматҳои мусаллаҳона бо “Толибон”, 1037 нафар низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, тавассути минтақаҳои сарҳадии “Шоҳон”-и ноҳияи Ш.Шоҳин (104 нафар), “Рузвай”-и ноҳияи Дарвоз (213 нафар), “Нулванд”-и ноҳияи Дарвоз (83 нафар), “Хумроғӣ”-и ноҳияи Ванҷ (173 нафар), “Тем”-и шаҳри Хоруғ (312 нафар), “Ишкошим”(102 нафар) ва “Лангар”-и ноҳияи Ишкошим (50 нафар) вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон супориш дод, ки 20 ҳазор низомёнро эҳтиётона ба марз бо Афғонистон сафарбар созад.Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Тоҷикистон супориш додаст, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд.Ин ам дар ҳолест, ки абеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи Толибон* изҳор дошт, ки ин созмон амнияту дахолатнопазирии қаламрави Тоҷикистонро кафолат медиҳанд.Муҷоҳид таъкид намудаст, ки бо Тоҷикистон, чун кишвари дӯст муносиботи хуб хоҳанд дошт.“Мо бо кишвари дӯст – Тоҷикистон муносиботи хуб хоҳем дошт. Дар марз амният таъмин хоҳад шуд ва ягон дахолате сурат нахоҳад гирифт”, - таъкид намудааст намояндаи Толибон*.Ӯ зикр намуд, ки ахиран тавонистанд қисми зиёди қаламрави Бадахшони Афғонистонро ба идораи худ дароранд.
https://sputnik.tj/20210705/afghoniston-guftuguhoi-taslihoti-rusiyaro-inkor-1040646538.html
https://sputnik.tj/20210705/dastur-prezident-intiqol-nizom-marz-afghoniston-1040664225.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040644685_332:0:3063:2048_1920x0_80_0_0_7d88d1eb57e61057389b46cf18313925.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон,суқут, вулусволӣ, ҳирот, ақибнишинӣ
афғонистон, толибон,суқут, вулусволӣ, ҳирот, ақибнишинӣ
Акнун навбат ба Ҳирот расид: боз ду вулусволии дигар ба дасти Толибон суқут кард
Манобеи амниятӣ дар вилояти Ҳирот таъид кардаанд, ки нерӯҳои амниятӣ аз марказ вулусволии Чашт ақибнишинӣ карданд
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Вулусволиҳои Чашт ва Ғурёни Ҳирот ба дасти Толибон суқут кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон, дар истинод ба манобеи амниятӣ.
Дар айни ҳол, дафтари расонаҳои вилоят Ҳирот бо нашри хабарномае таъйид мекунад, ки нерӯҳои амниятии марказ аз вулусволии Чашт ақибнишинӣ кардаанд.
Қориюсуф Аҳмадӣ сухангӯи Толибон низ иддао карда аст, ки маркази вулусволии Ғурёни вилояти Ҳирот ба дасти Толибон афтидааст.
Ӯ навиштааст, ки “маркази ин вулусволӣ бо тамоми мулҳиқоти он ба гунаи комил таҳти контроли муҷоҳиддин дарома. Низомиён аслиҳаи худро бар замин гузошта ва бо муҷоҳиддин якҷо шуданд”.
Ёдрас мешавем, ки яанде пеш дар пайи суқути 6 вулусволии Бадахшони Афғонистон беш аз ҳазор низомии он кишвар барои наҷоти ҷони худ ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар додааст, ки шаби 4 ба 5-уми июли соли 2021 қувваҳои ҳаракати “Толибон” вулусволиҳои Хоҳон, Шикай, Нусай, Моҳимай, Шуғнон ва Султон-Ишкошими вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон дар минтақаи мазкур 910 километр сарҳади умумӣ доранд, пурра таҳти назорати худ қарор доданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар муқовиматҳои мусаллаҳона бо “Толибон”, 1037 нафар низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, тавассути минтақаҳои сарҳадии “Шоҳон”-и ноҳияи Ш.Шоҳин (104 нафар), “Рузвай”-и ноҳияи Дарвоз (213 нафар), “Нулванд”-и ноҳияи Дарвоз (83 нафар), “Хумроғӣ”-и ноҳияи Ванҷ (173 нафар), “Тем”-и шаҳри Хоруғ (312 нафар), “Ишкошим”(102 нафар) ва “Лангар”-и ноҳияи Ишкошим (50 нафар) вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон супориш дод, ки 20 ҳазор низомёнро эҳтиётона ба марз бо Афғонистон сафарбар созад.
Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Тоҷикистон супориш додаст, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд.
Ин ам дар ҳолест, ки абеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи Толибон* изҳор дошт, ки ин созмон амнияту дахолатнопазирии қаламрави Тоҷикистонро кафолат медиҳанд.
Муҷоҳид таъкид намудаст, ки бо Тоҷикистон, чун кишвари дӯст муносиботи хуб хоҳанд дошт.
“Мо бо кишвари дӯст – Тоҷикистон муносиботи хуб хоҳем дошт. Дар марз амният таъмин хоҳад шуд ва ягон дахолате сурат нахоҳад гирифт”, - таъкид намудааст намояндаи Толибон*.
Ӯ зикр намуд, ки ахиран тавонистанд қисми зиёди қаламрави Бадахшони Афғонистонро ба идораи худ дароранд.