https://sputnik.tj/20210705/dastur-prezident-intiqol-nizom-marz-afghoniston-1040664225.html
Дастури Раҳмон барои интиқоли 20 ҳазор низомии эҳтиётӣ ба марз бо Афғонистон
Дастури Раҳмон барои интиқоли 20 ҳазор низомии эҳтиётӣ ба марз бо Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ вазъ дар марз бо Афғонистонро баррасӣ карда, барои сафарбарсозии нерӯҳои... 05.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-05T19:00+0500
2021-07-05T19:00+0500
2021-07-06T12:02+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/08/1039318218_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_23d7d4e7eb291c4c318b44fc21d3f475.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон супориш дод, ки 20 ҳазор низомии эҳтиётиро ба марз бо Афғонистон сафарбар созад. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастуроти раисиҷумҳур дар мавриди марз бо Афғонистон дар пайи шунидани гузориши фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Тоҷикистон супориш додаст, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд.Раисиҷумҳур таъкид намудаст, ки дар баробари пурзӯр кардани иқтидори ҳимоявии сарҳад ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, таваҷҷуҳи махсус равона гардад.Ҷаласаи Шӯрои амниятӣ дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир созмони террористии мамнӯи Толибон* дар шимоли Афғонистон навоҳии ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти назорати худ дароварда, бисёри низомиёни афғонро водор ба фирор ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ кардааст. *созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
https://sputnik.tj/20210705/rahmon-toqaev-hatar-afghoniston-barrasi-1040663000.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/08/1039318218_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_6f370479c82775ec7e78b58d30fed282.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, эмомалӣ раҳмон, терроризм
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, эмомалӣ раҳмон, терроризм
Дастури Раҳмон барои интиқоли 20 ҳазор низомии эҳтиётӣ ба марз бо Афғонистон
19:00 05.07.2021 (Навсозишуда: 12:02 06.07.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ вазъ дар марз бо Афғонистонро баррасӣ карда, барои сафарбарсозии нерӯҳои иловагӣ дастур дод
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон супориш дод, ки 20 ҳазор низомии эҳтиётиро ба марз бо Афғонистон сафарбар созад.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастуроти раисиҷумҳур дар мавриди марз бо Афғонистон дар пайи шунидани гузориши фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Тоҷикистон супориш додаст, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд.
"Дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатӣ иқтидори муҳофизатии сарҳад пурзӯр карда шуда, ба минтақаҳои зарурӣ қувваҳои иловагии низомӣ равона гардад", - омадааст дар иттилоия.
Раисиҷумҳур таъкид намудаст, ки дар баробари пурзӯр кардани иқтидори ҳимоявии сарҳад ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, таваҷҷуҳи махсус равона гардад.
Ҷаласаи Шӯрои амниятӣ дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир созмони террористии мамнӯи Толибон* дар шимоли Афғонистон навоҳии ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти назорати худ дароварда, бисёри низомиёни афғонро водор ба фирор ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ кардааст.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия