https://sputnik.tj/20210706/duzdi-noqil-barq-korhona-tehnoinvest-javoni-bozdosht-1040674289.html
Дуздии ноқили барқ аз дохили корхонаи “Техноинвест”: ду ҷавони 18-сола боздошт шуд
Дуздии ноқили барқ аз дохили корхонаи “Техноинвест”: ду ҷавони 18-сола боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ошкор гардидани дуздии корхонаи “Техноинвест” ва боздошти гумонбарон хабар дод
2021-07-06T12:10+0500
2021-07-06T12:10+0500
2021-07-07T18:30+0500
дар тоҷикистон
дуздӣ
ноқили барқӣ
боздошт
ҷавон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/10/1032279662_0:48:1001:611_1920x0_80_0_0_f948408733c3f7f76e487677123a2b51.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Ахиран роҳбари корхонаи “Техноинвест” ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат шикоят бурдаааст, ки санаи 3-юми июли соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи мазкур, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри мазкур шуда, аз он ҷо 33-метр ноқилҳои барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Роҳбар таъкид кардааст, ки зарари расонидашуд ба корхона 5 ҳазору 940-сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ҷавони 18-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Баҳори ҳамин шаҳр содир намудаанд.Инчунин тибқи иттилои ВКД-и Тоҷикистон дар ин авохир боз ду ҷинояти дуздӣ ифшо шудааст.Гуфта шудааст, ки ба ШВКД дар шаҳри Бохтар марди 43-солаи зодаи ноҳияи Конибодом, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки санаи 2 ба 3-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 25 ҳазор доллари амрикои ва 3 ҳазор рубли руссиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Кормандони милитсия муайян карданд, ки ҷинояти мазкурро марди 46-солаи сокини шаҳри мазкур содир намудааст. Дар ҳоли ҳозир номбурда боздошт шудааст. Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 3-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 22 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Гуфта шудааст, ки кормандони милитсия муайян намуданд, ки ҷинояти мазкурро бародараш марди 34-солаи сокини пойтахт содир намудааст.ВКД-и Тоҷикистон таъкид доштааст, ки аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210629/dodgoh-hukm-hizmatchi-harbi-elon-1040517878.html
https://sputnik.tj/20210429/duzdi-bozdoshti-mard-kulob-1039136677.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/10/1032279662_51:0:904:640_1920x0_80_0_0_3614d6ddbd2c3d06a65a651fc9d5c119.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, дуздӣ, ҷиноят, ошкор, корхона, техноинвест
тоҷикистон, дуздӣ, ҷиноят, ошкор, корхона, техноинвест
Дуздии ноқили барқ аз дохили корхонаи “Техноинвест”: ду ҷавони 18-сола боздошт шуд
12:10 06.07.2021 (Навсозишуда: 18:30 07.07.2021) Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ошкор гардидани дуздии корхонаи “Техноинвест” ва боздошти гумонбарон хабар дод
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Ахиран роҳбари корхонаи “Техноинвест” ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат шикоят бурдаааст, ки санаи 3-юми июли соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди корхонаи мазкур, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри мазкур шуда, аз он ҷо 33-метр ноқилҳои барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Роҳбар таъкид кардааст, ки зарари расонидашуд ба корхона 5 ҳазору 940-сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ҷавони 18-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Баҳори ҳамин шаҳр содир намудаанд.
Инчунин тибқи иттилои ВКД-и Тоҷикистон дар ин авохир боз ду ҷинояти дуздӣ ифшо шудааст.
Гуфта шудааст, ки ба ШВКД дар шаҳри Бохтар марди 43-солаи зодаи ноҳияи Конибодом, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки санаи 2 ба 3-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 25 ҳазор доллари амрикои ва 3 ҳазор рубли руссиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Кормандони милитсия муайян карданд, ки ҷинояти мазкурро марди 46-солаи сокини шаҳри мазкур содир намудааст. Дар ҳоли ҳозир номбурда боздошт шудааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 3-юми июли соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 22 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта шудааст, ки кормандони милитсия муайян намуданд, ки ҷинояти мазкурро бародараш марди 34-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
ВКД-и Тоҷикистон таъкид доштааст, ки аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.