Дуздӣ дар рӯзи равшан: боздошти марди 27-сола дар шаҳри Кӯлоб

© Flickr \ Tar Sands BlockadeНаручники, архивное фото.
Наручники, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохила зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 27 – соларо бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт намуд
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон ахиран ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб зани 27-солаи сокини шаҳри мазкур шикоят бурдааст.
Номбурда шикоят кардааст, ки санаи 14-уми апрели соли равон, тахминан соати 14:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад ангуштарини тиллоӣ ва 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
ВКД-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки зарари расонидашуда 4 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Боздошти се ҷавон ба гумони дуздӣ: чорвои сокинонро бо сабукрави BMW рабурдаанд
Дар ҳамин ҳол, манбаъ зикр намудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаҳои 244 қисми 2 ва 339 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои манбаъ, кормандони милитсияи шаҳри Кӯлоб аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0