https://sputnik.tj/20210705/zamon-vorid-astrazeneca-tojikiston-malum-1040653394.html
Тоҷикистон бастаи навбатии ваксини "AstraZeneca" - ро мегирад
Тоҷикистон бастаи навбатии ваксини "AstraZeneca" - ро мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳоло бештар аз 300 ҳазор нафар алайҳи маризии коронавирус ваксин гирифтанд
2021-07-05T15:40+0500
2021-07-05T15:40+0500
2021-07-07T17:46+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ваксина
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/10/1033010867_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_74093c3a4611050b6245342e8b6b822a.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Интизор меравад, моҳи август бастаи навбатии "AstraZeneca" ба Тоҷикистон ворид шавад. Дар ин бора агентии Ховар бо такя ба маълумоти Наврӯз Ҷафаров сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ хабар дод.Ба иттилои манбаъ, бастаи навбатӣ бо кумаки Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Хазинаи кӯдакони СММ ва Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия ба Тоҷикистон оварда мешавад.Гуфта мешавад, Тоҷикистон ҳоло саъй дорад, то ҳар чӣ бештар миқдори ваксини воридотиро афзоиш диҳад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳоло бо Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба маблағҳои грантӣ шартнома баста шудааст, ки маблағи он зиёда аз 8 миллион доллар ташкил медиҳад.Илова бар ин, бо Бонки Осиёии Рушд низшартнома бо маблағи 25 миллион доллар баста шудааст ва зикр мегардад, ки қисми муайяни ин маблағҳо барои хариди ваксин равона мегарданд.Гуфта мешавад, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар алайҳи бемории коронавирус ваксин гирифтанд, ки беш аз 97 ҳазорро сокинони шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.Дар Тоҷикистон феълан ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке "AstraZeneca" ва дигаре ваксини сохти чинӣ мебошад.Қаблан вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров зимни сафари ахири худ ба Тоҷикистон ваъда дод, ки ваксини "Спутник V" ройгон ба Тоҷикистон дода мешавад.Аммо бо гузашти беш аз 1 моҳ ҳоло ваксини сохти русӣ ба Тоҷикистон ворид нашудааст.
https://sputnik.tj/20210621/tojikiston-vaksin-dastras-1040328296.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/10/1033010867_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_bc23c8b554f5b709e5f1f8f1c8f00d18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ваксин коронавирус
тоҷикистон ваксин коронавирус
Тоҷикистон бастаи навбатии ваксини "AstraZeneca" - ро мегирад
15:40 05.07.2021 (Навсозишуда: 17:46 07.07.2021) Дар Тоҷикистон ҳоло бештар аз 300 ҳазор нафар алайҳи маризии коронавирус ваксин гирифтанд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Интизор меравад, моҳи август бастаи навбатии "AstraZeneca" ба Тоҷикистон ворид шавад. Дар ин бора агентии Ховар бо такя ба маълумоти Наврӯз Ҷафаров сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бастаи навбатӣ бо кумаки Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Хазинаи кӯдакони СММ ва Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия ба Тоҷикистон оварда мешавад.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон ҳоло саъй дорад, то ҳар чӣ бештар миқдори ваксини воридотиро афзоиш диҳад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳоло бо Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба маблағҳои грантӣ шартнома баста шудааст, ки маблағи он зиёда аз 8 миллион доллар ташкил медиҳад.
Илова бар ин, бо Бонки Осиёии Рушд низшартнома бо маблағи 25 миллион доллар баста шудааст ва зикр мегардад, ки қисми муайяни ин маблағҳо барои хариди ваксин равона мегарданд.
Гуфта мешавад, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар алайҳи бемории коронавирус ваксин гирифтанд, ки беш аз 97 ҳазорро сокинони шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.
Дар Тоҷикистон феълан ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке "AstraZeneca" ва дигаре ваксини сохти чинӣ мебошад.
Қаблан вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров зимни сафари ахири худ ба Тоҷикистон ваъда дод, ки ваксини "Спутник V" ройгон ба Тоҷикистон дода мешавад.
Аммо бо гузашти беш аз 1 моҳ ҳоло ваксини сохти русӣ ба Тоҷикистон ворид нашудааст.