Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксин алайҳи коронавирусро дастрас кард

© AFP 2023 / LILLIAN SUWANRUMPHAФлаконы с вакциной CoronaVac, разработанной китайской фирмой Sinovac
Флаконы с вакциной CoronaVac, разработанной китайской фирмой Sinovac - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Тибқи нақша бо ваксини воридгардида марҳила ба марҳила аҳолии муайяни Тоҷикистон эм хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксин алайҳи марзии коронавирусро дарёфт кард, хабар медиҳад агентии Ховар.
Ба иттилои манбаъ, ин миқдор ваксин дар доираи созишнома миёни Тоҷикистону Чин дастрас гардид.
Ваксини воридгардида "CoronaVaс" буда, бо он доираи муайяни аҳолии Тоҷикистон эм хоҳанд шуд.
Манбаъ меафзояд, дар маросими қабули ваксин, муовини сарвазир Матлубахон Сатториён, Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салимӣ, сафири Чин дар Тоҷикистон Лу Бин иштирок намуданд.
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2021
Созиши Тоҷикистону Чин сари воридоти 300 ҳазор воя ваксинаи "CoronaVac"
Илова бар ин, муовини мудири ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой " Анвар Зиёев низ ширкат варзид.
Ҷамолиддин Абдуллозода аснои қабули ваксин изҳор дошт, ки ин намуд ваксин бо ташаббуси Ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин ва ҳамзамон бо дастгирии ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой" дастрас намуд.
Вазир аз ҷумла зикр кард, ки ҷониби Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксини "CoronaVaс" -и" Sinovac Research & DevelopmentCo. Ltd"- и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва 300 800 адад сузандору ворид намуд.
Маврид ба зикр аст, ки ваксинаи мазкур дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ нигаҳдорӣ шуда, тибқи нақшаи миллӣ ба табақаҳои пешбинишудаи аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0