Толибон* Тоҷикистонро дӯст хонданду ваъда доданд, ки ҳамла намекунанд

© AP / Rahmat GulАфганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Обуна шудан
Намояндаи созмони мамнӯи Толибон* эълон кард, ки аъзои гуруҳ марзи Тоҷикистонро нахоҳанд шикаст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи Толибон* изҳор дошт, ки ин созмон амнияту дахолатнопазирии қаламрави Тоҷикистонро кафолат медиҳанд.
Муҷоҳид таъкид намудаст, ки бо Тоҷикистон, чун кишвари дӯст муносиботи хуб хоҳанд дошт, навиштааст РИА Новости.

“Мо бо кишвари дӯст – Тоҷикистон муносиботи хуб хоҳем дошт. Дар марз амният таъмин хоҳад шуд ва ягон дахолате сурат нахоҳад гирифт”, - таъкид намудааст намояндаи Толибон*.

Ӯ зикр намуд, ки ахиран тавонистанд қисми зиёди қаламрави Бадахшони Афғонистонро ба идораи худ дароранд.
“Онҳое, ки аз номи ҳукумати Кобул дар марз буданд, аз он ҷо гурехтанд ва дар натиҷа ин қаламрав ба зери назорати мо гузашт”, - иттилоъ додаст Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
Маросими гулчанбаргузории генералҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ назди Оташи ҷовидон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Дастури Раҳмон барои интиқоли 20 ҳазор низомии эҳтиётӣ ба марз бо Афғонистон
Ин изҳороти намояндаи Толибон* дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир қисмати зиёди ноҳияҳои Афғонистон дар минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба тобеияти ин гуруҳи мамнӯъ гузашта, низомиёни ин кишвар ба қаламрави Тоҷикистон фирор кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди низомиёни афғонро, ки ба ин кишвар фирор кардаанд, беш аз 1000 нафар арзёбӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни баррасии вазъи марз дастур дод, ки 20 ҳазор низомии эҳтиётӣ ба марз бо Афғонистон сафарбар карда шаванд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0