https://sputnik.tj/20210705/suhbat-rahmon-putin-kumak-moddi-marzbonii-tojikiston-1040666720.html
Сӯҳбати Раҳмону Путин аз кӯмаки моддиву техникӣ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон
Сӯҳбати Раҳмону Путин аз кӯмаки моддиву техникӣ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Авзоъ дар марз сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Русияро нигарон кардааст
2021-07-05T20:23+0500
2021-07-05T20:23+0500
2021-07-05T20:23+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
суҳбат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102177/94/1021779499_0:184:3031:1889_1920x0_80_0_0_2d3778a245a1cb060584ceea46c3f7da.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Русия Влалдимир Путин дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар бораи кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон сӯҳбат карданд.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.Бино бар иттилои манбаъ, дар сӯҳбати телефоние, ки имрӯз сарони кишварҳо анҷом доданд, мавзӯи марз ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон калидӣ буд."Дар робита ба ин, масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин масъала баррасӣ шуданд", - менависад котиботи президент.Манбаъ меафзояд, дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Русия вазъи кунунии ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, ҳамаҷониба муҳокима намуданд.Бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, муҳимияти қадамҳои муштараки минбаъда ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба зикр карда шуд.Сарони давлатҳо зикр карданд, ки қисмати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷиҳати таъмини амнияти марзҳои ҷанубии СААД ва Иттиҳод аҳамияти стратегӣ дорад.
https://sputnik.tj/20210705/dastur-prezident-intiqol-nizom-marz-afghoniston-1040664225.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102177/94/1021779499_302:0:3031:2047_1920x0_80_0_0_de81b2083e40bb2d3bc5d5f776e9bce0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марз суҳбат
Сӯҳбати Раҳмону Путин аз кӯмаки моддиву техникӣ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон
Авзоъ дар марз сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Русияро нигарон кардааст
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Русия Влалдимир Путин дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар бораи кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон сӯҳбат карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар сӯҳбати телефоние, ки имрӯз сарони кишварҳо анҷом доданд, мавзӯи марз ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон калидӣ буд.
"Дар робита ба ин, масъалаҳои тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, инчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин масъала баррасӣ шуданд", - менависад котиботи президент.
Манбаъ меафзояд, дар ин замина, Президентҳои Тоҷикистон ва Русия вазъи кунунии ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистонро, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, ҳамаҷониба муҳокима намуданд.
Бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, муҳимияти қадамҳои муштараки минбаъда ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба зикр карда шуд.
Сарони давлатҳо зикр карданд, ки қисмати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷиҳати таъмини амнияти марзҳои ҷанубии СААД ва Иттиҳод аҳамияти стратегӣ дорад.