Сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёв аз ташдиди вазъ дар марз

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкОфициальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
"Дар ин робита, Президентҳо вазъияти ташвишоварро, ки имрӯз дар Афғонистони ҳамсоя, бахусус дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии он ҷараён дошта, периметри хати сарҳади давлатии ду кишвар бо ин мамлакат дар онҳо мегузарад, муҳокима карданд", - таъкид мекунад манбаъ.
Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Песков гуфт, Русия низомиёнашро вориди Афғонистон намекунад
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ӯзбекистонро оид ба далелҳои нави убури маҷбурии хати сарҳади давлатӣ аз ҷониби ҳайати низомии нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон воқиф намуданд.
Дар ин замина, вазъ дар хати сарҳад бо ин кишвар хеле пуршиддат арзёбӣ карда шуд.
Омодагии ҷонибҳо барои ҳамоҳангсозии минбаъдаи ҳамкории мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар бахши таъмини амният, бахусус дар таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон тасдиқ гардид.
Зимни суҳбат инчунин баъзе масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0