https://sputnik.tj/20210705/peskov-rusiya-nizomiyon-vorid-afghoniston-1040660676.html
Песков гуфт, Русия низомиёнашро вориди Афғонистон намекунад
Песков гуфт, Русия низомиёнашро вориди Афғонистон намекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, Русия низомиёни худро вориди хоки Афғонистон намекунад
2021-07-05T17:30+0500
2021-07-05T17:30+0500
2021-07-05T17:30+0500
сиёсат
амният ва мудофиа
афғонистон
дмитрий песков
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472256_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_ce4372ba5e37e623baa562f5b6869f1d.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дмитрий Песков мегӯяд, масъалаи ворид намудани низомиёни Русия ба хоки Афғонистон ҷой надорад ва дар ин бора на бо ҳукумати он кишвар ва на бо Толибон* гуфтушуниде сурат гирифтааст.Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар мавриди нерӯи иловагӣ чизе гуфта наметавонад."Албатта, вазъияте, ки ҳоло дар Афғонистон мавҷуд аст, мутаассифона ба таври беҳтарин рушд намекунад ва аз ин рӯ марзбонони низомии мо тасмимҳои заруриро хоҳанд гирифт".Сухангӯи Крем аз он ёдовар шуд, ки онҳо борҳо дар мавриди муташанниҷ шудани вазъият дар Афғонистон пас аз хуруҷи низомиёни Амрико ҳушдор дода буданд.Ӯ мегӯяд, Русия вазъияти Афғонистонро пайваста пайгирӣ мекунад ва он чизе, ки феълан дар хоки афғонҳо сурат мегирад, бисёр нигаронкунанда аст.Ёдовар мешавем, Толибон ҳамалоти худро дар Афғонистон ҳамарӯза қавӣ намуда, музофоти вилоятҳои зиёдро ба тобеияти худ дароварданд.КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло беш аз 1000 низомии афғон ба хотири наҷот ёфтан аз дасти Толибон ба хоки Тоҷикистон фирор карданд ва сарҳадбонони тоҷик ҳам ба онҳо убури марзро иҷозат доданд.* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210705/afghoniston-guftuguhoi-taslihoti-rusiyaro-inkor-1040646538.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472256_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_48e73f1942f71d0785aa727f546b2069.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, афғонистон, дмитрий песков
русия, афғонистон, дмитрий песков
Песков гуфт, Русия низомиёнашро вориди Афғонистон намекунад
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, Русия низомиёни худро вориди хоки Афғонистон намекунад
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дмитрий Песков мегӯяд, масъалаи ворид намудани низомиёни Русия ба хоки Афғонистон ҷой надорад ва дар ин бора на бо ҳукумати он кишвар ва на бо Толибон* гуфтушуниде сурат гирифтааст.
"Не. Дар ин бора ҳеҷ гуфтушунид вуҷуд надорад", - посух додааст Песков ба суоли хабарнигорон дар мавриди он ки оё Русия низомиёни худро ба Афғонистон ворид мекунад ё на.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар мавриди нерӯи иловагӣ чизе гуфта наметавонад.
"Албатта, вазъияте, ки ҳоло дар Афғонистон мавҷуд аст, мутаассифона ба таври беҳтарин рушд намекунад ва аз ин рӯ марзбонони низомии мо тасмимҳои заруриро хоҳанд гирифт".
Сухангӯи Крем аз он ёдовар шуд, ки онҳо борҳо дар мавриди муташанниҷ шудани вазъият дар Афғонистон пас аз хуруҷи низомиёни Амрико ҳушдор дода буданд.
Ӯ мегӯяд, Русия вазъияти Афғонистонро пайваста пайгирӣ мекунад ва он чизе, ки феълан дар хоки афғонҳо сурат мегирад, бисёр нигаронкунанда аст.
Ёдовар мешавем, Толибон ҳамалоти худро дар Афғонистон ҳамарӯза қавӣ намуда, музофоти вилоятҳои зиёдро ба тобеияти худ дароварданд.
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло беш аз 1000 низомии афғон ба хотири наҷот ёфтан аз дасти Толибон ба хоки Тоҷикистон фирор карданд ва сарҳадбонони тоҷик ҳам ба онҳо убури марзро иҷозат доданд.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия