Шарҳи вазъи саломатии овозхон МакSим: вазнини муътадил

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкАкция в поддержку сборной России по футболу
Акция в поддержку сборной России по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Обуна шудан
Зиёда аз ду ҳафта қабл, овозхони машҳури Русияро ба дастгоҳи сунъии ҳаводиҳӣ пайваст намуданд ӯ феълан дар ҳолати ком ё худ беҳушӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Сароянда Марина Абросимова маъруф бо тахаллуси саҳнавии МакSим то ҳол ба ҳуш наомадааст, вазъи ӯ ҳанӯз ҳам вазнини муътадил аст, иттилоъ додааст намояндаи овозхон ба РИА Новости.
Қаблан нашрияи "Комсомольская правда" дар сомонаи худ шарҳи руҳонӣ Лукаро (Степанов), ки овозхон аз муридонаш мебошад, нашр кард, ки ӯ хабарҳои расонаҳоро дар бораи беҳуш будани Абросимова овоза хонда, изҳор дошт, ки вай "ҳуш дорад".

"Не, Марина дар ҳолати вазнини муътадил қарор дорад", - гуфт намояндаи МакSим.

Ӯ афзуд, ки овозхон ҳанӯз ҳам ба дастгоҳи сунъии ҳаводиҳӣ пайваст буда, аз ҳолати беҳушӣ ӯро набаровардаанд. Марина Абросимова беш аз ду ҳафтаи охир ба дастгоҳи сунъӣ пайваст мебошад.
Актер и режиссер Владимир Меньшов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Коргардон Владимир Меншов аз коронавирус даргузашт
Даҳ рӯзи қабл хабар дода шуд, ки сарояндаро бо сирояти 40 дарсадии шушҳояш бистарӣ карда буданд, вале ташхисаш аз COVID - 19 манфӣ баромада буд. Баъдан хабарҳо нашр гардиданд, ки вазъи саломатии МакSим якбора бад шуду сирояти шушҳояш то ба 75 дарсад расидааст.
Лентаи хабарҳо
0