https://sputnik.tj/20210705/korgardon-vladimir-menshov-koronavirus-darguzasht-1040648219.html
Коргардон Владимир Меншов аз коронавирус даргузашт
Коргардон Владимир Меншов аз коронавирус даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Меншов коргардони машҳур ва ҳунарманди номдори кино аз олам чашм пӯшид
2021-07-05T13:28+0500
2021-07-05T13:28+0500
2021-07-05T13:30+0500
фарҳанг
даргузашт
ҳунарманд
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040646944_0:10:2901:1641_1920x0_80_0_0_496636f318bd11affd84718969fd304e.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Ҳунарманди шӯравӣ ва номдори замони шӯравӣ имрӯз дар синни 82 - солагӣ даргузашт, менависад Мосфилм.Ба маълумоти мавҷуда, Меншова аз маризии коронавирус фавтид.Марҳум ҳанӯз 26 июн мубталои коронавирус шуд, вале қайд гардид, ки бемории ӯ сабук ҷараён дорад.Феълан замони маросими видоъ бо ин ҳунарманди номдор маълум нест.Владимир Меншов кӣ будВладимир Валентинович Меншов 17 сентябри соли 1939 шаҳри Бокуи Озарбойҷон таваллуд шудааст. Падари ӯ як марди низомӣ буд.Волидони ӯ дар вилояти Астрахан таваллуд шудаанд ва овони кӯдакии ин ҳунарманди номӣ дар он ҷо сипарӣ шуда буд.Дар соли 1961, ӯ донишҷӯи бахши актёрии Академияи рассомии Маскав ба номи В.Немирович-Данченко шуд ва аллакай соли 1970 аспирантураро ба итмом расонд. Маъруфтарин филми Меншов - "Маскав ба ашк бовар намекунад" - соли 1981 дар бахши "Беҳтарин филми хориҷӣ" соҳиби Оскар шуд.Марҳум унвони Ҳунарманди халқии РСФСР-ро соли 1989 ба даст оварда, лауреати Мукофоти давлатии СССР, Мукофоти давлатии РСФСР ба номи Н.К.Крупская, узви Иттифоқи кинематографистони Русия буд. Аз соли 2010 Владимир Меншов раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия буд. Вай бо Вера Алентова издивоҷ карда, соҳиби духтар - Юлия Меншова шуданд, ки феълан ӯ-ҳунарпешаи маъруф ва ровии телевизион аст.
https://sputnik.tj/20210704/pizishk-nishona-shtamm-hindi-virus-koronaro-1040636337.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040646944_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_3507a6cb4cffe747d4f892acb3b50aab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия владимир меншов даргузашт
русия владимир меншов даргузашт
Коргардон Владимир Меншов аз коронавирус даргузашт
13:28 05.07.2021 (Навсозишуда: 13:30 05.07.2021) Владимир Меншов коргардони машҳур ва ҳунарманди номдори кино аз олам чашм пӯшид
ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Ҳунарманди шӯравӣ ва номдори замони шӯравӣ имрӯз дар синни 82 - солагӣ даргузашт, менависад Мосфилм.
Ба маълумоти мавҷуда, Меншова аз маризии коронавирус фавтид.
Марҳум ҳанӯз 26 июн мубталои коронавирус шуд, вале қайд гардид, ки бемории ӯ сабук ҷараён дорад.
Феълан замони маросими видоъ бо ин ҳунарманди номдор маълум нест.
Владимир Валентинович Меншов 17 сентябри соли 1939 шаҳри Бокуи Озарбойҷон таваллуд шудааст. Падари ӯ як марди низомӣ буд.
Волидони ӯ дар вилояти Астрахан таваллуд шудаанд ва овони кӯдакии ин ҳунарманди номӣ дар он ҷо сипарӣ шуда буд.
Дар соли 1961, ӯ донишҷӯи бахши актёрии Академияи рассомии Маскав ба номи В.Немирович-Данченко шуд ва аллакай соли 1970 аспирантураро ба итмом расонд.
Маъруфтарин филми Меншов - "Маскав ба ашк бовар намекунад" - соли 1981 дар бахши "Беҳтарин филми хориҷӣ" соҳиби Оскар шуд.
Марҳум унвони Ҳунарманди халқии РСФСР-ро соли 1989 ба даст оварда, лауреати Мукофоти давлатии СССР, Мукофоти давлатии РСФСР ба номи Н.К.Крупская, узви Иттифоқи кинематографистони Русия буд.
Аз соли 2010 Владимир Меншов раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия буд. Вай бо Вера Алентова издивоҷ карда, соҳиби духтар - Юлия Меншова шуданд, ки феълан ӯ-ҳунарпешаи маъруф ва ровии телевизион аст.