https://sputnik.tj/20210705/rahmon-toqaev-hatar-afghoniston-barrasi-1040663000.html
Раҳмону Тоқаев хатарҳо аз Афғонистонро баррасӣ карданд
Раҳмону Тоқаев хатарҳо аз Афғонистонро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои қазоқистонияш, Қосим-Ҷомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дод
2021-07-05T18:25+0500
2021-07-05T18:25+0500
2021-07-05T18:25+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
қазоқистон
осиёи марказӣ
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/14/1039584912_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_a55920c5485217bd58d16813ed153181.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақавиро баррасӣ намуданд.Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар манзари бад шудани вазъ дар Афғонистон, сарони давлатҳо ҳолати кунунии ҳарбию сиёсиро дар ин кишвари ҳамсоя муфассал муҳокима карданд."Ҷонибҳо аз шадидтар шудани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд", - омадааст дар иттилоия.Манбаъ афзуд, ки бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, аҳамияти қадамҳои муштараки минбаъда дар роҳи таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар зикр гардид.Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон низ суҳбати телефонӣ анҷом дода, вазъи Афғонистонро баррасӣ намудаанд.
https://sputnik.tj/20210705/suhbat-emomali-rahmon-shavkat-mirziyov-marz-1040661744.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/14/1039584912_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_b506c0169fa60ebfca48cd08fc57307c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоқаев, раҳмон, раисиҷумҳур, қазоқистон
тоқаев, раҳмон, раисиҷумҳур, қазоқистон
Раҳмону Тоқаев хатарҳо аз Афғонистонро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои қазоқистонияш, Қосим-Ҷомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 5 июл - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар манзари бад шудани вазъ дар Афғонистон, сарони давлатҳо ҳолати кунунии ҳарбию сиёсиро дар ин кишвари ҳамсоя муфассал муҳокима карданд.
"Ҷонибҳо аз шадидтар шудани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки бо мақсади пешгирии таҳдидҳои мавҷуда ба амнияти минтақавӣ, аҳамияти қадамҳои муштараки минбаъда дар роҳи таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдор ва вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар зикр гардид.
Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон низ суҳбати телефонӣ анҷом дода, вазъи Афғонистонро баррасӣ намудаанд.