https://sputnik.tj/20210705/darguzasht-general-sobiq-rais-bohtar-koronavirus-1040653265.html
Даргузашти генерал Саидамир, собиқ раиси Бохтар бо аломатҳои коронавирус
Даргузашти генерал Саидамир, собиқ раиси Бохтар бо аломатҳои коронавирус
Sputnik Тоҷикистон
Генерал Саидамир Розиқзода, собиқ ноиби вазири мудофиаи Тоҷикистон дар соли 64-уми умраш дунёро падрӯд гуфт
2021-07-05T15:26+0500
2021-07-05T15:26+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
даргузашт
коронавирус
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_a87040d9ad4dbbee9a1d7a6609b3d152.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Маросими ҷанозаи Саидамир Розиқзода 5-уми июл дар деҳаи Сомонии ноҳияи Кӯшониён - Бохтари собиқ баргузор мешавад, хабар дод манбаи Sputnik Тоҷикистон. Наздикони Саидамир Розиқзода, сабаби даргузаштро гирифторӣ ба коронавирус арзёбӣ кардаанд. Бар асоси ҳолномаи расмӣ, генерал-майор Розиқзода Саидамир Холиқ 1 октябри соли 1957 таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 1978 то 1993 ба ҳайси корманди Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, аз 1993 то 1995 раиси ноҳияи Бохтар ҳоло Кӯшониён фаъолият доштааст. Дар ҳолнома омадааст, ки Розиқзода аз солҳои 1996 то 1998 роҳбарии Дасгоҳи раиси вилояти Хатлонро ба уҳда доштааст. Сипас соли 1999 ба кор дар Вазорати мудофиа гузашта, то соли 2016 дар ин ниҳод кор кардааст. Дар Вазорати мудофиа, Розиқзода дар мақомҳои гуногун аз муовини сардори Раёсат то муовини вазир фаъолият дошта, солҳои охир ба нафақа баромада, дар ҳалқаи наздиконаш рӯз мегузаронд. Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои Розиқзодаро ба назар гирифта, ӯро бо медалҳои ҷашнию ифтихорӣ қадрдонӣ намудааст.
https://sputnik.tj/20210704/vazorat-marg-omori-koronavirus-tojikiston-1040638776.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_143:0:1920:1333_1920x0_80_0_0_d8d95b3c0d34d94f58fbba70f5b2cf79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус, бохтар, генерал, саидамир розиқзода
коронавирус, бохтар, генерал, саидамир розиқзода
Даргузашти генерал Саидамир, собиқ раиси Бохтар бо аломатҳои коронавирус
15:26 05.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Генерал Саидамир Розиқзода, собиқ ноиби вазири мудофиаи Тоҷикистон дар соли 64-уми умраш дунёро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Маросими ҷанозаи Саидамир Розиқзода 5-уми июл дар деҳаи Сомонии ноҳияи Кӯшониён - Бохтари собиқ баргузор мешавад, хабар дод манбаи Sputnik Тоҷикистон. Наздикони Саидамир Розиқзода, сабаби даргузаштро гирифторӣ ба коронавирус арзёбӣ кардаанд.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, генерал-майор Розиқзода Саидамир Холиқ 1 октябри соли 1957 таваллуд шудааст.
Ӯ аз соли 1978 то 1993 ба ҳайси корманди Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, аз 1993 то 1995 раиси ноҳияи Бохтар ҳоло Кӯшониён фаъолият доштааст.
Дар ҳолнома омадааст, ки Розиқзода аз солҳои 1996 то 1998 роҳбарии Дасгоҳи раиси вилояти Хатлонро ба уҳда доштааст.
Сипас соли 1999 ба кор дар Вазорати мудофиа гузашта, то соли 2016 дар ин ниҳод кор кардааст. Дар Вазорати мудофиа, Розиқзода дар мақомҳои гуногун аз муовини сардори Раёсат то муовини вазир фаъолият дошта, солҳои охир ба нафақа баромада, дар ҳалқаи наздиконаш рӯз мегузаронд.
Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои Розиқзодаро ба назар гирифта, ӯро бо медалҳои ҷашнию ифтихорӣ қадрдонӣ намудааст.