https://sputnik.tj/20210704/vazorat-marg-omori-koronavirus-tojikiston-1040638776.html
Вазорат марги як нафарро таъйид кард: омори коронавирус дар Тоҷикистон
Вазорат марги як нафарро таъйид кард: омори коронавирус дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон як нафар аз маризии коронавирус ба ҳалокат расид
2021-07-04T20:35+0500
2021-07-04T20:35+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103123/61/1031236182_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_3b21511b84fc04e37838c623ee484ecb.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори нави сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирусро нашр намуд.Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 28 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба вируси COVID - 19 сабт карда шуд. Илова бар ин, вазорат аз ҷон бохтани як бемор ва шифо ёфтани 19 нафари дигар хабар дод.Ба ҳамин минвол, ҳоло теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 597 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13 365 бемор комилан сиҳат ёфтаанд.Зимнан, бо илова шудани як ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди қурбониёни ин дард ба 93 нафар баробар шуд.Хуруҷи дубораи коронавирус дар ТоҷикистонБа маълумоти расмӣ, вируси COVID - 19 аз 21 июн боз дубора Тоҷикистонро домангир шуд. Дар давоми 14 рӯз, Вазорати тандурустӣ танҳо аз фавти се бемор хабар додааст. Дар ҳоле, ки расонаҳои дохилӣ ва ҳамзамон шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамарӯза хабару гузоришҳо дар мавриди даргузашти одамон аз бемории коронавирус нашр мекунанд.Дар хабари даргузаштҳо, пайвандони марҳумон изҳори боварӣ мекунанд, ки онҳо маҳз аломатҳои маризии вируси COVID - 19 доштаанд.Аз ҷумла, имрӯз ҳамсари собиқ вазири молия Анваршо Музаффар даргузашт, ки илати марги ӯ бемории коронавирус гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20210704/bistariyon-klinika-mansurov-vaziron-heshovandon-prezident-1040638406.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103123/61/1031236182_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d50ff0077978d6540ebd29e67a026588.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон коронавирус, омор
тоҷикистон коронавирус, омор
Вазорат марги як нафарро таъйид кард: омори коронавирус дар Тоҷикистон
20:35 04.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон як нафар аз маризии коронавирус ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 4 июл - Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори нави сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирусро нашр намуд.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта 28 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба вируси COVID - 19 сабт карда шуд. Илова бар ин, вазорат аз ҷон бохтани як бемор ва шифо ёфтани 19 нафари дигар хабар дод.
Ба ҳамин минвол, ҳоло теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 597 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13 365 бемор комилан сиҳат ёфтаанд.
Зимнан, бо илова шудани як ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди қурбониёни ин дард ба 93 нафар баробар шуд.
Хуруҷи дубораи коронавирус дар Тоҷикистон
Ба маълумоти расмӣ, вируси COVID - 19 аз 21 июн боз дубора Тоҷикистонро домангир шуд.
Дар давоми 14 рӯз, Вазорати тандурустӣ танҳо аз фавти се бемор хабар додааст. Дар ҳоле, ки расонаҳои дохилӣ ва ҳамзамон шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамарӯза хабару гузоришҳо дар мавриди даргузашти одамон аз бемории коронавирус нашр мекунанд.
Дар хабари даргузаштҳо, пайвандони марҳумон изҳори боварӣ мекунанд, ки онҳо маҳз аломатҳои маризии вируси COVID - 19 доштаанд.
Аз ҷумла, имрӯз ҳамсари собиқ вазири молия Анваршо Музаффар даргузашт, ки илати марги ӯ бемории коронавирус гуфта мешавад.