Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Беморӣ баъди сафар: Далер Назаров аз вируси корона дар хона табобат мегирад

© Foto / Facebook / Daler Nazarov studioДалер Назаров, архивное фото
Далер Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Обуна шудан
Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик, низ аз маризии “вируси корона” бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Яке аз наздикони ӯ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аломатҳои ин маризӣ қариб як ҳафта қабл дар ӯ падид омада, алҳол дар хонаи писараш дар Душанбе табобат мегирад.
“Пас аз сафарҳояш ба Хуҷанду Бадахшон, ки ҳафтаҳои қабл анҷом гирифт, якбора вазъи сиҳатиаш хароб шуд. Ҳоло хеле вазъаш хуб аст ва ҷое барои нигаронӣ нест”, - гуфт манбаъ.
Далер Назаров, яке аз хушномтарин овозхонон ва оҳангсозони тоҷик, 8 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи филологияи руси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аст, аммо кори омӯзгориро накард ва пурра ба мусиқӣ пардохт.
Аксари таронаҳои ӯ хитҳоеанд, ки то ба ҳол тозагиву ҷазабаи худро гум накардаанд ва шӯҳрати ӯро ба хориҷ аз марзҳои Тоҷикистон бурдаанд, аз қабили "Турки шерозӣ", "Эй парӣ" ва "Чак-чаки борон", ки дар солҳои 80 – уми асри гузашта офарида шудаанд.
Яке аз хитҳои охирини ӯ таронаи “Мастам” аст, ки солҳо ба ин сӯ зеби маҳофил шудааст.
Пресс конференция по поводу вакцинации в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
"Коронавирус омад, муовини нав маълум шуд": Раҳмон ҷойгузини Ализодаро таъин кард
Далер Назаров ҳудуди 10 албуми тарона нашр кардааст. Таронаҳои ӯро овозхонҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо бозхонӣ кардаанд. Аммо олами мусиқии ӯ бо тарона маҳдуд намешавад. Аз соли 1979 ба ин сӯ, ӯ барои ҳудуди 30 филм низ оҳанг навиштааст, ки маъруфтаринҳояшон “Нисо”, “Бут”, “Падари маҳтобӣ”, “Қиёми рӯз” ва ғайра мебошанд.
Он чӣ осори Далер Назаровро дилангез кардааст, ангезиши мусиқии миллии тоҷикӣ бо мусиқии модерн аст, ки дар мусиқии тоҷику форс назир надорад ва маъмулан сухан аз мусиқии модер равад, аввалин ишораҳо ба сӯи ӯ мешаванд.
Вижагии дигари ӯ ин аст, ки дар чанд сол як тарона эҷод мекунад, аммо тоҷиконаву мондагор ва бидуни таъсирпазирӣ аз мусиқиҳои бегона. Аз сӯи дигар, ӯ як ҷаҳонбинӣ ва шеваи зиндагии сӯфиёна дорад, ки на фақат шахсият, балки осори ӯро низ дар миёни ҳамтоёнаш вижа ва то ҷое пурроз кардааст.
Лентаи хабарҳо
0