https://sputnik.tj/20210705/koronaviru-muovin-rahmon-joyguzin-alizodaro-1040662758.html
"Коронавирус омад, муовини нав маълум шуд": Раҳмон ҷойгузини Ализодаро таъин кард
"Коронавирус омад, муовини нав маълум шуд": Раҳмон ҷойгузини Ализодаро таъин кард
Sputnik Тоҷикистон
Президент ҷойгузини собиқ муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Самариддин Ализодаро таъин кард 05.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-05T18:22+0500
2021-07-05T18:22+0500
2021-07-07T17:45+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
тандурустӣ
таъиноти кадрӣ
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033021714_140:0:1164:576_1920x0_80_0_0_40cf38cb3dab3d7658b9a734cb499bec.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини нави вазири тандурустии Тоҷикистонро таъин кард.Ёдрас мешавем, пештар ин симатро Самариддин Ализода дар дӯш дошт, ки 31 марти соли равон барканор гардид.Бо гузашти қариб се моҳ аз барканории охирин муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар умури санитарию эпидемиологӣ курсии ӯ холӣ буд.Ҳарчанд далели барканории Ализода расман ва дар фармони президент зикр намешуд, аммо ҳолдонҳо ҳадс мезаданд, ки ӯ дар пайи изҳороташ дар бораи "Кореяи ҷанубӣ ва Кореяи шимолӣ" дар рафти нишасти матбуотӣ дар мавриди ваксина барканор гардид.Ёдрас мешавем, он замон пас аз нишасти матбуотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он муовини вазир дар муаррифии ҳамкасбонаш аз ташкилотҳои хориҷӣ ба мушкилӣ дучор шуд ва замоне кишварҳои истеҳсолкунандаи ваксини AstraZeneca мегуфт, Кореяи шимолиро аз Кореяи ҷанубӣ натавонист фарқ кунад.Пештар масъулини вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, масъулияти ин муовини вазирро раёсатҳои зидахл, аз ҷумла Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилӣ бо муваффақият пеш мебаранд.Амирзода Абдухолиқ Амир, муовини навтаъин то ин дам роҳбари Маркази санитариву эпидемиологии шаҳри Душанберобуд.
https://sputnik.tj/20210331/rahmon-barkanorkuni-alizoda-1033111290.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/12/1033021714_268:0:1036:576_1920x0_80_0_0_82afa47807530ba626e3ae939fcfbe04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , тандурустӣ, таъиноти кадрӣ
дар тоҷикистон, сиёсат , тандурустӣ, таъиноти кадрӣ
"Коронавирус омад, муовини нав маълум шуд": Раҳмон ҷойгузини Ализодаро таъин кард
18:22 05.07.2021 (Навсозишуда: 17:45 07.07.2021) Президент ҷойгузини собиқ муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Самариддин Ализодаро таъин кард
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини нави вазири тандурустии Тоҷикистонро таъин кард.
Тибқи фармони президент, Амирзода Абдухолиқ Амир муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар умури санитарию эпидемиологӣ таъин шудааст.
Ёдрас мешавем, пештар ин симатро Самариддин Ализода дар дӯш дошт, ки 31 марти соли равон барканор гардид.
Бо гузашти қариб се моҳ аз барканории охирин муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар умури санитарию эпидемиологӣ курсии ӯ холӣ буд.
Ҳарчанд далели барканории Ализода расман ва дар фармони президент зикр намешуд, аммо ҳолдонҳо ҳадс мезаданд, ки ӯ дар пайи изҳороташ дар бораи "Кореяи ҷанубӣ ва Кореяи шимолӣ" дар рафти нишасти матбуотӣ дар мавриди ваксина барканор гардид.
Ёдрас мешавем, он замон пас аз нишасти матбуотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он муовини вазир дар муаррифии ҳамкасбонаш аз ташкилотҳои хориҷӣ ба мушкилӣ дучор шуд ва замоне кишварҳои истеҳсолкунандаи ваксини AstraZeneca мегуфт, Кореяи шимолиро аз Кореяи ҷанубӣ натавонист фарқ кунад.
Пештар масъулини вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, масъулияти ин муовини вазирро раёсатҳои зидахл, аз ҷумла Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилӣ бо муваффақият пеш мебаранд.
Амирзода Абдухолиқ Амир, муовини навтаъин то ин дам роҳбари Маркази санитариву эпидемиологии шаҳри Душанберобуд.