Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Озодбек Назарбеков тариқи пахши мустақим алайҳи COVID ваксин гирифт - видео

© Instagram / ozodbek_official_pageНародный артист Узбекистана Озодбек Назарбеков
Народный артист Узбекистана Озодбек Назарбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Обуна шудан
Назарбеков ягона мансабдоре нест, ки алайҳи коронавирус ваксин гирифтааст, аммо то ҳол ягона шахсияти машҳурест, ки ин корро дар телевизион ба таври оммавӣ анҷом додааст
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Вазири фарҳанги Ӯзбекистон, Ҳунарманди халқии ҷумҳурӣ Озодбек Назарбеков аз коронавирус мустақиман ваксин гирифт, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати тандурустӣ.
Ин амал дар як ҷаласаи навбатии Клуби байналмилалии матбуот анҷои дода шудааст. Хабар дода мешавад, ки баъзе ҳунармандон ва рӯзноманигорони ҳузурдошта низ, ҳамроҳи ӯ ваксина гирифтанд.
Назарбеков ягона мансабдоре нест, ки алайҳи вируси корона ваксин гирифтааст, аммо то ҳол ягона нафарест, ки онро дар телевизион ба таври оммавӣ анҷом додааст.
Як рӯз пеш, дар яке аз поликлиникаҳои оилавии Тошканд, ҷузъи якуми ваксинаи ӯзбекиву чинии ZF-UZ-VAC2001 - ро вазири маорифи халқ Шерзод Шерматов гирифт.
Маъракаи эмгузаронӣ алайҳи COVID - 19 дар Ӯзбекистон, 1 апрел оғоз ёфт.
 Ветеринар держит в руках шприц с препаратом Карнивак-Ков от COVID-19 в ветеринарной клинике в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Раисҷумҳурону сарвазироне, ки ваксин гирифтанд: киҳо ва бо кадом дору
Айни замон, сокинони ҷумҳурӣ ба доруҳои ZF-UZ-VAC2001 ва "Sputnik V" дастрасӣ доранд.
Интизор меравад, ки тавассути механизми COVAX дар моҳи август боз ба кишвар ваксина фиристода шавад. Кадом навъи ваксин то ҳол маълум нет. Аз ҷумла ворид кардани AstraZeneca (на CovieShield), Pfizer ва Moderna баррасӣ мешаванд.
Дар Ӯзбекистон аллакай беш аз ду миллион нафар эм карда шудаанд. Дар Тошканд марказҳои эмгузаронӣ, аз ҷумла дар марказҳои савдо ва бозорҳо фаъол ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0